ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Дар ноҳияи Ховалинг бо иштироки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳи автомобилгарди "Чилдухтарон - Ховалинг" ифтитоҳ ёфт, хабар медиҳад котиботи раисҷумҳур.
Ба иттилои манбаъ, роҳи мазкур бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.
Манбаъ меафзояд, роҳи "Чилдухтарон - Ховалинг" - ро аз моҳи октябри соли 2019 оилаи Амировҳо сохта, бо дарозии 12 километр ба анҷом расониданд.
Раҳмон дар Мӯъминобод бо дастовез ба хонаи сокини маҳаллӣ рафт
Таъкид мешавад, ки баробари мавриди истифода қарор гирифтани он, рафтуомад тариқи ноҳияҳои Данғара, Балҷувон ва Ховалинг қариб 70 километр кӯтоҳ шуд.
Кишвардори Тоҷикистон барои хизмати арзандаи оилаи Амировҳо изҳори сипос намуда, дар маконе, ки тамоми табиати Чилдухтарон намоён аст, Кохи сайёҳӣ бо номи "Қадамҷойи Пешвои миллат" - ро ифтитоҳ кард.