Раҳмон дар Мӯъминобод бо дастовез ба хонаи сокини маҳаллӣ рафт

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон в Восейском районе
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон в Восейском районе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари корӣ дар вилояти Хатлон қарор дорад, ин навбат низ аз хонаи як сокини ноҳияи Мӯъминобод дидан кард

ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Мӯъминобод ба хонаводаи Абдулфайз Одинаев як сокини маҳаллӣ даромада, ба шароити зиндагии ӯ аз наздик шинос шуд, хабар медиҳад котиботи раисҷумҳур.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Роҳҳои бад ва гарон будани сӯзишворӣ: Раҳмон гуфт ба рушди соҳибкорӣ чӣ монеа шудааст

Ба иттилои манбаъ, Одинаев 37 садяки замини наздиҳавлигӣ дошта, онро бо самар истифода мекунад.

Тибқи маълумоте, ки сарвари ин хонавода ба Эмомалӣ Раҳмон расонд, ҳамасола аз замини наздиҳавлии худ то 1 тонна маҳсулоти картошкаро ҷамъоварӣ мекунад.

Ҳамчунин, имсол бо заҳмати дастаҷамъонаи хонаводаи Одинаевҳо бештар аз 700 килограмм ҳосили помидор ба даст оварданд.

Рӯймол зеби модарони тоҷик аст: тавсифи Раҳмон аз рӯймолбандии зани кӯлобӣ - навор

Сокини маҳаллӣ дар ҳиссаи замини дар ихтиёрдоштааш гармхонаи хурд низ бунёд намудааст, ки асосан дар он кӯчати помидору бодиринг парвариш менамояд.

Таъкид мегардад, сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шароит ва меҳнати содиқонаи хонаводаи Одинаевҳо баҳои баланд дода, зикри намудааст, ки ҳар оилаи тоҷик бояд барои ду соли оянда маҳсулоти ғизоиро захира намоянд.

Манбаъ меафзояд, Эмомалӣ Раҳмон ба ин хонавода ашёи рӯзгор ва ҳамчунин бастаи китобҳои бадеӣ тақдим намуд.

Лентаи хабарҳо
0