ДУШАНБЕ, 25 сен - Sputnik. Коронавирус метавонад саратони мағзи сарро ба вуҷуд орад ва ё ба рушди омосҳои мавҷуда мусоидат кунад. Ба чунин натиҷа олимони донишгоҳе дар Истамбул расиданд.
"Мувофиқи фарзияи мутахассисон, зарраҳои SARS-Cov-2 қодиранд бо ҳуҷайраҳои бофтаҳои асаб, ки дар рушди онкология иштирок доранд, пайваст шаванд".
Аммо олимон исрор меварзанд, ки ин хулосабарории ниҳоӣ набуда, ҳоло дар ин самт бояд таҳқиқотҳои нав гузаронд.
"Ҳар гуна вируси онкогенӣ, ки ба ҳуҷайра ворид мешавад, онро тағир медиҳад ва дар баъзе ҳолатҳо онро хатарзо мекунад. Аммо ин як раванди хеле тӯлонист, ки ҳатман таъсири омилҳои иловагии муҳити берунӣ ва дохилиро тақозо мекунад", - шарҳ додааст бозёфтҳои олимони туркиро, роҳбари лабораторияи саратоншиносии Блохин Ксения Смирнова ба нашрияи "Известия".
Зимнан, Андрей Васин як намояндаи дигари соҳаи тандурустии Русия изҳор намудааст, ки SARS-Cov-2 вируси РНК аст ва қобилияти ин гурӯҳи патогенҳо барои барангехтани саратон қаблан мушоҳида нашудааст.