Омодагии Тоҷикистону Чин барои рушди минбаъдаи муносибот

© ВКХ ТоҷикистонРойзаниҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чин
Ройзаниҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чин - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистону Чин омодаанд, бобати пешбурди муносиботи шарокати ҳамаҷонибаи роҳбурдӣ байни ду кишвар, кӯшиш кунанд

ДУШАНБЕ, 24 сен – Sputnik. Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чин даври навбатии ройзаниҳои сиёсӣ, дар шакли маҷозӣ баргузор шуд.

Бино ба гузориши ВКХ, ҳайатҳои тарафҳоро муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва муовини якуми вазири корҳои хориҷии Чин Лэ Юйчен роҳбарӣ карданд.

Министр иностранных дел КНР Ван И - Sputnik Тоҷикистон
Вазири Чин аз талошҳои инқилобҳои ранга, интихоботи Тоҷикистон ва мавқеи Пекин гуфт

Гуфта мешавад, ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои густариши муносибатҳои дӯстӣ ва шарокати ҳамаҷонибаи роҳбурдии Тоҷикистон ва Чинро баррасӣ карда, пиромуни масъалаҳои муҳимми минтақавӣ ва байналмилалии мавриди эҳтимоми муштарак табодули афкор намудаанд.

Бо қаноатмандӣ густариши пайваста ва ҳадафманди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин дар тамоми арсаҳо таъкид шуд. Аҳаммияти амалисозии тавофуқҳое, ки байни Сарони ду давлат ҳосил шуда буданд, барои таҳким ва таъмиқи бештари ҳамкории мутақобилан судманд байни ду кишвари ҳамҷавор таъкид гардид.

Ҷонибҳо ҳамчунин, масъалаҳои ҳамкорӣ дар мубориза бо ҳамагирии Ковид-19-ро баррасӣ карданд. Бо дарназардошти шуюи вируси нави корона ва таъсири манфии он ба вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар минтақа ва ҷаҳон бар зарурати афзоиши шарокати ҳамаҷонибаи роҳбурдӣ байни ду кишвар дар ҳамаи сатҳҳо таъкид шуд.

Тарафҳо ба ҳамкории самарбахш дар чаҳорчӯби ташаббуси “Камарбанд ва роҳ” ва созукори навтаъсиси “Осиёи Марказӣ - Чин” изҳори умедворӣ карданд. Тарафҳо ин ду ҳамоишро шакли муҳимми тавсеа ва таҳкими робитаҳо байни Тоҷикистон ва Чин медонанд.

Манбаъ афзудааст, ки дар поёни ройзаниҳои сиёсӣ тарафҳо изҳор намуданд, ки омодаанд бобати пешбурди пайдарпайи муносибатҳои шарокати ҳамаҷонибаи роҳбурдӣ байни ду кишвари дӯст муштаракан кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Лентаи хабарҳо
0