ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Сафир, ки дар маросими гиромидошти “Ҳафтаи шаҳид” - 19 – умин солгарди шаҳодати Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллӣ ва 9 – умин солрӯзи террури Бурҳонуддини Раббонӣ, мулаққаб ба “Шаҳиди сулҳ” - и Афғонистон дар сафорати кишвараш дар Душанбе суҳбат мекард, гуфт, бо ин афрод мустақим ҳамкорӣ дошт ва “по ба по, зону ба зону нишаста”, бо онҳо суҳбат кардааст.
Ӯ бо ишора ба аксҳои 70 чеҳраи таърихии ҷанги Афғонистон, ки дар тоблуҳои ду тарафи толори ҷаласаҳои сафорат гузошта шуда буданд, ишора кард ва гуфт: “На фақат ин ду нафар, балки қариб 95% дарсади ин афродро, ки ҳар яке дар роҳи озодиву истиқлоли Афғонистон ҷоми шаҳодат нӯшидаанд, хушбахтона ё бадбахтона, шахсан мешиносам. Бо онҳо шиштаву суҳбат кардаам ва аз ҳар яке як хотира дорам”, - гуфт Муҳаммад Зоҳири Ағбар.
Соли 2012 парлумони Афғонистон бо як санад 9 сентябр - рӯзи шаҳодати Аҳмадшоҳи Масъудро “Рӯзи шаҳид” эълон кард. Аз ҳамон сол ба ин сӯ дар Афғонистон “Ҳафтаи шаҳид” ба хотири гиромидошти шаҳидони ҷанги қариб 40 – солагии Афғонистон таҷлил мешавад. Ин ҳафта 20 сентябр - рӯзи шаҳодати Бурҳонуддини Раббонӣ, собиқ раисҷумҳури ин кишвар ба анҷом мерасад.
Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон низ ба ин хотир ҳар сол нишасте бо ширкати сиёсиёну фарҳангиёни ду кишвар баргузор мекунанд.
“Бесадо бош!”
Генерал Муҳаммад Зоҳири Ағбар худ дар замони ҳукумати Бурҳонуддини Раббонӣ (1992 – 2001) дар вазифаҳои муҳими давлатӣ кор кардааст. Соли 1992 ӯ сардори Раёсати муҳофизати Хадамоти амнияти миллӣ, маъруф ба “раёсати 10” ё Горди президенти Афғонистон таъйин шуд (сардори қаблии он Шоҳпури Аҳмадзай, бародари Доктор Наҷибуллоҳ, раҳбари Афғонистон буд, ки ҳардуро Толибон соли 1996 ба дор кашиданд).
Ин раёсат амнияти раисҷумҳур ва аъзои ҳукумати Афғонистонро ба зимма дошт. Генерал Ағбар мегӯяд, он замон иддае аз раҳбарони ифротӣ низ дар атрофи Раббонӣ ҷамъ омада буданд, ки ба ӯ машварат доданд, тамоми занҳои корманди давлатиро ба хонаҳояшон рухсат кунанд, чун будани онҳо дар мақоми расмӣ хилофи қавонини дини ислом аст.
“Як рӯз устод маро ба ҳузур хост ва пурсид: “Чанд корманди зан дорӣ?”. Гуфтам: “Болотар аз 80 нафар”. Гуфт: “Зиёд таҳти фишор ҳастам. Ҳамаро рухсат кун ва маошашонро дар манзилашон бидеҳ!”. Пурсидам: “Зери фишори кӣ ҳастед?”. Гуфт: “Наметавонам бигӯям. Зери фишори як теъдод бузургон ҳастам”. Гуфтам: “Устод, дар Кобул сафорату намояндагиҳои хориҷиву байнулмилалӣ ҳастанд, ки корманди зан зиёд доранд. Вақте онҳо ба ҳузури Шумо ё вазоратҳо меоянд, онҳоро кӣ талошӣ (тафтиш) мекунад?”. Зуд мутаваҷҷеҳ шуд ва гуфт: “Бирав, ҳар коре мекунӣ, бикун, аммо бесадо бош. Бигзор, ки ман инҳоро қаноат диҳам”. Шумо бузургии устодро аз ҳамин дарк кунед, ки то куҷо ҳаст?”, - қисса мекунад сафири Афғонистон дар Тоҷикистон.
“Биравед, сулҳ кунед!”
Муҳаммад Зоҳири Ағбар аз сулҳи тоҷикон ёдовар шуда, гуфт, Раббониву Масъуд онро як ифтихори бузурге барои худ медонист. Вай ҳодисаеро аз он айём ба ёд оварда, гуфт, як субҳ Масъуд ӯро ба чои субҳ даъват кард, вақте ба манзили фармондеҳ омад, дид, ки раҳбарони мухолифини тоҷик Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, Эшони Қиёмиддин, Давлат Усмон, Ризвон, Мулло Раҳим ва касе ба номи Асомуддин низ он ҷо ҳузур доранд.
“Лаҳзае нагузашт, ки рокети сакар дар наздикии хонаи Қаҳрамони миллӣ асобат кард. Масъуд ба раҳбарони оппозитсиони тоҷик рӯ оварда, гуфт: “Ҳамин тур як низоми исломӣ мехоҳед? Агар ин тур як низоми исломӣ мехоҳед, ман ба шумо машварат намедиҳам. Машварати ман ин аст, ки биравед, сулҳу салоҳ бикунед. Ин ки мо дар оташи ҷанг месӯзем, кифоят мекунад”, - ба ёд меорад генерал.
Раббонӣ ва Масъуд аввалин афроде буданд, ки бо миёнҷигарии онҳо 12 декабри соли 1996 аввалин давраи музокироти сулҳ миёни ҷониби даргири ҷанги Тоҷикистон (1992 – 1997) дар деҳаи Хусдеҳи вилояти Тахори Афғонистон баргузор шуд.
Ҳикояти дигаре, ки генерал Ағбар ёдоварӣ кард, такондиҳанда аст. Он ба ҳамон замони ҳукумати Раббонӣ бармегардад, ки Ағбар сардори “Раёсати 10” буд. Соли 1994 қарор буд мулоқоти Устод Раббонӣ бо Гулбиддин Ҳикматёр дар Санги Навишта, як маҳалли таърихӣ дар Кобул, баргузор шавад ва амнияти ин мулоқот аз сӯи ҳукумат ба генерал Ағбар ва аз тарафи мухолиф, инженер Ваҳидулло Сабовун (баъдтар вазири молияи ҳукумати Раббонӣ) вогузор шуда буд.
Генерал Ағбар мегӯяд, бегоҳи қабл аз мулоқт Масъуд ӯро ба ҳузур хоста, аҳвол дод, ки як гуруҳ дар ҳукумат мехоҳанд Ҳикматёрро аз байн баранд.
“Дар оғоз Масъуд пурсид: “Таърихро хондаӣ? Оё медонӣ, ки таърих ба мо чӣ мегӯяд? Оё медонӣ, ки куштори як роҳбари ҷиҳодӣ чӣ пайомад дорад?” Ман намефаҳмидам, ки Масъуд бо ин суханонаш чӣ мехоҳад. Ҳайрон будам”, - қисса мекунад генерал.
Раҳмон аз нақши артиш дар ҷанги шаҳрвандӣ ва қатъи ҷангу хунрезӣ дар кишвар ёдрас шуд
Ба қавли ӯ, барнома чунон сохта шуда буд, ки вақте Ҳикматёр ба мулоқоти устод Раббонӣ меояд, дар ҳамин асно сараш шиллик мекунанду аз байн мебаранд.
“Касоне, ки дар ин тарҳ даст доштанд, се нафараш зиндаанд, якеаш фавт кардааст. Чор моҳ пеш ман якеро дидам ва пурсидам: “Дилатон ба ман насӯхт? Охир, ман ба Шумо дарс дода будам?!” Гуфт: “Диламон, ки сӯхт, ифшо шуд. Бале, барнома ин буд, ки вақте Шумову Ҳикматёр меоед, ҳардуятонро гулӯлаборон кунем”, - гуфт .
Генерал – полковник Муҳаммад Зоҳир Ағбар аз моҳи январи соли равон ба ин сӯ сафири Афғонистон дар Тоҷикистон аст. То ин замон консули кишвараш дар шаҳри Франкфурти Олмон буд.
Ӯ дар замони ҳукумати Доктор Наҷибуллоҳ афсари артиш ва раиси маркази таълимии вазорати дифоъ, дар замони ҳукумати Бурҳонуддини Раббонӣ сардори Раёсати муҳофизат ва муовини раиси Хадамоти амнияти миллӣ ва дар даврони ҳокимияти Ҳомид Карзай фармондеҳи пулиси Кобул, раиси Кумитаи мубориза бо маводи мухаддир, муовини вазири корҳои дохилӣ, раиси Кумитаи олимпии Афғонистон буд.
Полковник ба хонандагони Душанбе аз даҳшати ҷанги шаҳрвандӣ гуфт