Бебориш: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

© © Sputnik / Амир ИсаевУлица в городе Душанбе, архивное фото
Улица в городе Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда ва камабри бебориш шуда, ҳарорат дар шаҳри Душанбе ба 27+29 дараҷа мерасад

ДУШАНБЕ, 24 сен – Sputnik. Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда ва камабри бебориш мешавад.

Бод аз сӯи шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 7+12 ва рӯзона 24+29  дараҷа гарм  мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" бо такя ба Ожонси ҳавошиносӣ.

Девушка с зонтиком - Sputnik Тоҷикистон
Тирамоҳи гарм: имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорат то 33 дараҷа мешавад

Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9  метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 8+13 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2+7  ва рӯзона 19+24  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри  бебориш шуда, шамол аз самти шарқ  бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 ва рӯзона 27+32  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7  метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5+10 ва рӯзона 22 +27 дараҷа  гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати  2-7  метр дар як сония  мевазад. Ҳаво шабона 8+10 ва  рӯзона 27+29 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0