Соҳибмулки қаҳвахонаи "Ҷокер", ки ҷавонзанро ҳақорат карду кӯфт, боздошт шуд - навор

© акс аз сафҳаи РВУДҲайдаров Илҳом, соҳибмулки қаҳвахона "Ҷокер"
Ҳайдаров Илҳом, соҳибмулки қаҳвахона Ҷокер - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз болои соҳибмулки қаҳвахонаи "Ҷокер" ҷавонзане шикоят кард, ки барои кофӣ набудани маблағи иҷора ӯро аввал дашном кард ва сипас хуб кӯфт

ДУШАНБЕ, 23 сен - Sputnik.  Навори муроҷиати як зани ҷавон бо овози гирён ва рӯйи аз мушт зарбхӯрда, чанде пеш ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт.

Ба нақли ин зан, ӯ қаҳвахонаеро ба иҷора гирифта, зиндагияшро пеш мебурд. Аммо барои кофӣ набудани маблағи иҷора, аз ҷониби соҳибмулки қаҳвахона мавриди сарзанишу латукӯб қарор гирифт.

Зан дар муроҷиати худ ба  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намуда, дархост намуд, ки алайҳи соҳибмулки қайҳавонаи "Ҷокер" чораҳои зарурӣ андешида шавад.

Занозании ронандаҳову мусофирон дар мобайни роҳ: боздошт ва ҳабс шуданд - навор

Зимнан, Раёсати умури дохила дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки кормандони ин ниҳод аллакай соҳибмулки қаҳвахона - Ҳайдаров Илҳоми 33 - соларо боздошт намуданд.

Зикр мегардад, номбурда қаҳвахонаи худро ба ҷавонзани муроҷиаткунанда ба иҷора дода, шаби 18 - уми сентябр барои гирифтани маблағ ба он ҷо рафтааст.

"Аз он сабаб, ки ҷавонзани муроҷиаткунанда маблағи иҷораро ба пуррагӣ пардохт карда наметавонад, шаҳрван Ҳайдаров Илҳом ӯро дашному ҳақоратҳои қабеҳ намуда, ҳамзамон мавриди латукуб низ қарор додаст", - таъкид мешавад дар хабар.

РВУД хабар медиҳад, ки нисбати гумонбаршаванда Ҳайдаров Илҳом бо моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0