ДУШАНБЕ, 23 сен – Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, Ҳайдарова Замирамо, соли таваллудаш 1991, сокини кӯчаи Алишер Навоии шаҳри Душанбе ҳанӯз моҳи январи соли 2018 ва Меҳрафрӯзи Холмирзо, сокини 18-солаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ моҳи апрели соли равон бедарак шуда буданд. Ҷасади ҳардуяшон ахиран дар як ғоре дар теппаҳои болои деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб пайдо карда шуд.
ВУД бо иттиҳоми қатли Замирамо ва Меҳрафрӯз ду марди 28-сола, сокинони шаҳри Душанбе - Дониёр Сафаров ва Раупов Саъдуллоро боздошт кардааст.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки Дониёр бо Замирамо робита дошта, пайваста ӯро дар заминаи рашку нофаҳмӣ латукӯб мекардааст. Ба иттилои ВУД, Сафаров ва Раупов соли 2018 Замираморо баъди латукӯб, дар бағоҷ бор карда, шабона дар ғори болои Харангон шиканҷаю озори ҷинсӣ дода, ба қатл расондаанд.
Ин ниҳод афзуд, ки ҷинояти дигарро Раупов Саъдулло, ки ба мусофирбарӣ машғул будааст, содир кардааст. Ӯ Меҳрафрӯзи Холмирзоро ҳамчун мусофир савори мошинаш карда, баъди рад кардани алоқаи ҷинсӣ латукӯб ва ба қатл расондааст. Ҷасади дуюмро низ ба ғоре бурдаст, ки қаблан ҷасади Замираморо дар он пинҳон карда будаанд.
ВУД таъкид кард, ки феълан алайҳи муттаҳамон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.