Аз тағйирёбии иқлим то камобии имсола: навори суҳбати Раҳмон дар СММ

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар иҷлосияи 75-уми Маҷмааи умумии СММ аз коронавируси нав, вазъи Афғонистон, сулҳу субот ва тағйирёбии иқлим суҳбат кардбо хушнудӣ қабул дорад

Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим ба кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон монеаи ҷиддӣ эҷод менамоянд.

Абдулло Давлатов: Ҳеҷ гоҳ мухолифи сиёсӣ набудам - Sputnik Тоҷикистон
Ҳушдори Абдулло Давлатов аз авҷи коронавирус: ба умеди ваксина нашавед

“Тӯли 60 соли охир ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво дар Тоҷикистон то як дараҷа баланд шудааст. Вобаста ба ин, шумораи рӯзҳои боришоти шадид ва шиддатнокии падидаҳои табиии гидрометеорологӣ рӯ ба афзоиш ниҳода, сол ба сол зиёни худро мерасонад”, - изҳор дошт Раҳмон.

Ӯ зикр кард, Тоҷикистон, ки 93 фоизи масоҳати онро кӯҳсор ташкил медиҳад, дар натиҷаи офатҳои табиии марбут ба об ҳамасола садҳо миллион доллар зарар мебинад, аксари вақт чунин офатҳои табиӣ сабаби марги одамон мешаванд.

Ба гуфтаи Раҳмон, тӯли даҳсолаҳои охир коҳиши чашмраси масоҳати пиряхҳо, ки барои тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ муҳиманд, ба мушоҳида мерасад.

Экс-главный тренер ФК Арсенал Игорь Черевченко - Sputnik Тоҷикистон
Игор Черевченко мутахассиси тоҷик эҳтимол сармураббии тими футболи "Химки" шавад

“Аз 13 ҳазор пиряхе, ки дар кӯҳсори Тоҷикистон ҷойгир мебошад, то имрӯз як ҳазораш нобуд гардидааст. Ва ин ҳама дар ҳолест, ки то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккул меёбад”, - таъкид кард раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Амалиёти пулиси тоҷик дар Африқо ва пешбарии Тоҷикистон ба узвият дар Шӯрои амнияти СММ

Ӯ илова намуд, ки имсол бинобар боришоти кам дар фасли зимистон коҳиши назарраси захираҳои об дар дарёҳои минтақа ба қайд гирифта шуд, ки дар навбати худ боиси камобӣ дар мавсими обёрӣ ва хушксолии шадид гардид.

Дар ин росто, Раҳмон аз Созмони Милали Муттаҳид ва дигар сохторҳои байналмилаливу минтақавӣ даъват ба амал овард, ки ба экспедитсияи тадқиқоти пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон мусоидат намоянд.

Лентаи хабарҳо
0