Машқҳои низомӣ санаи 21 сентябри соли равон оғоз ёфтанд. Таи ҳафтаи ахир низомиён таҷҳихзоту аслиҳаро барои иштирок дар машқҳои низомӣ омода карданд.
Аз ҷумла пеш аз оғози машқҳои байналмилалӣ тамоми низомиён аз санҷиши вируси корона гузаронида шуданд.
Дар машқҳо беш аз 80 ҳазор нафар аскару афсар, инчунин 250 тонк, 450 худрави ҷангии пиёданизом, 200 тӯпу рокетандоз иштирок доранд.
Русия барои иштирок дар ин машқҳо ҳамчунин низомиёни Арманистон, Мянма, Покистон ва Эронро низ даъват кардааст.
Низомиёни Тоҷикистон ба ин машқҳои низомӣ ба ҳайси нозир даъват шудаанд.
Ҳамчунин дар феҳристи кишварҳои даъватшуда Озарбойҷон ва Ҳиндустон низ буд, аммо мақомоти ин кишварҳо имсол аз иштирок дар ин машқҳои низомӣ “Қафқоз-2020”худдорӣ карданд.