Имрӯз дар Тоҷикистон аз Рӯдакӣ ёд мекунанд: бузургдошти рӯзи Одамушуаро дар ҷумҳурӣ

© Sputnik / Амир ИсаевПамятник Рудаки, архивное фото
Памятник Рудаки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз 22 сентябр - рӯзи бузургдошти Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, бунёдгузори адабиёти порсӣ-тоҷикӣ дар Тоҷикистон аст

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Аз соли 2002 бад ин сӯ дар Тоҷикистон ҳамасола 22 сентябр бо номи рӯзи Рӯдакӣ гиромӣ дошта мешавад.

Мавзолей Рудаки - Sputnik Тоҷикистон
Аҳмадзода тоҷикистониёнро бо Рӯзи Рӯдакӣ шодбош гуфт

Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад ибни Ҳаким ибни Абдураҳмон ибни Одам Рӯдакӣ дар соли 858 дар рустои Панҷрӯди шаҳристони Панҷакент (воқеъ дар Тоҷикистони имрӯза) ба дунё омаду дар дарбори Сомониён аз иззату эҳтироми зиёде бархурдор буд.

Шоирро дар охирҳои умр тибқи навиштаи бархе тазкираҳо бадхоҳонаш кӯр мекунанду ӯ бо анбӯҳи андӯҳ ба зодгоҳаш бармегардад ва дар ҳамон ҷо вафот мекунад.

Дар мавриди шумори ашъори Рӯдакӣ назарҳои мухталифе мавҷуд аст, ки бархе онро як миллиону сесад ҳазор байт гуфтаанд, ки муттаассифона аз он ашъор то замони мо камтар аз 1000 мисраъ боқӣ монда, ки ҳамин миқдори андак аз табъи равону самимияти гуфтори ӯ ҳикоят медиҳанд.

Барои гиромидошти номи устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар гӯшаву канори Тоҷикистон номи яке аз ноҳияҳо ба номи Рӯдакӣ гузошта шудаасту, дар вилояту ноҳияҳо хиёбону кӯчаҳову ва маҳалҳои аҳолинишин номгузорӣ карда шудаанд.

Дар пойтахт шаҳри Душанбе Боғи Устод Рӯдакӣ, хиёбони марказии шаҳр ба номи Хиёбони Рӯдакӣ, муҷассамаи Рӯдакӣ дар хиёбони номбурда, якчанд муассисаҳои давлатӣ номгузорӣ шудаанд.  

Ҳазорҳо нусха китобу нашрияҳо дар бораи эҷодиёти А. Рӯдакӣ пайваста маводҳои илмиву бадеӣ ҳамасола нашр карда истодаанд. Рузи 22- юми сентябр хамчун Рӯзи Рӯдаки ҷашн гирифта мешавад.

Лентаи хабарҳо
0