ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Баъди 26 соли интизорӣ дастаи "Равшан"-и Кӯлоб ба финали Ҷоми Тоҷикистон-2020 баромад, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, чанд лаҳза пеш дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб бозии аввали нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 байни дастаҳои футболи "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб ва "Регар-ТадАЗ"-и шаҳри Турсунзода доир гашт.
"Дар сабқат "Равшан" дастаи футболи "Регар-ТадАЗ"-и шаҳри Турсунзодаро бо ҳисоби 1:0 мағлуб намуда, баъди 26 соли интизорӣ ба финали Ҷоми Тоҷикистон-2020 роҳ ёфт", - менависад манбаъ.
Голи ягонаро аз ҳайати дастаи футболи "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб Абдураҳмон Нозимов ба ҳадаф расонид.
Бозии дигари нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон пагоҳ, 23 сентябр дар варзишгоҳи "Пахтакор"-и шаҳри Бохтар баргузор мешавад.
Дастаи мизбон — "Хатлон"-и шаҳри Бохтар бо дастаи "Истаравшан"-и шаҳри Истаравшан вориди сабқат мешавад.
Ёдовар мешавем, ки бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 бо иштироки ду дастаи ғолиби нимфинал 10 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Оғози бозии ниҳоӣ – соати 16:00. Бозиҳои нимниҳоӣ ва ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 дар варзишгоҳҳо бе ҳузури тамошобинон баргузор мешаванд.