ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Дар Кӯлоб дар озмун барои дарёфти стипендияи президентӣ 10 нафар пирӯз шуданд, гузориш медиҳад Вазорати маорифи Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, дар шаҳри Кӯлоб барои дарёфти стипендияи президентӣ байни хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумии ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ озмун оғоз гардид.
Дар он 24 нафар довталабоне, ки танҳо бо баҳои аъло таҳсил намуда истодаанд, иштирок намуда, аз миёни онҳо 10 нафар ҳамчун гирандагони Стипендияи президентӣ муайян мегарданд.
Аз 16 то 24 сентябр бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзишшаҳру ноҳияҳои кишвар озмун барои дарёфти стипендияи президентӣ гузаронида мешавад.
Озмуни мазкур ба тарзи шаффоф гузаронида шуда, дар он ба савияи дониш ва лаёқати довталабон диққати асосӣ дода мешавад.
Рустами Эмомалӣ барои барандаҳои стипендия ним миллион сомонӣ ҷудо кард
Ҳадаф аз баргузории озмун дастгирии моддиву маънавӣ, пайдо намудани хонандагони болаёқату фаъол ва бедорсозии ҳисси хештаншиносии наврасону ҷавонон мебошад.