Қарзи ноҳияи Кӯшониён аз андоз наздик ба 40 миллион сомонӣ расид

© Sputnik / Стас ЭтвешТаджикские деньги, архивное фото
Таджикские деньги, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ноҳияи Кӯшониён 39 миллиону 800 ҳазор сомонӣ қарзи андоз ҷой дорад, ки аз он 19 миллиону 800 ҳазор сомониаш бақияи қарзи андоз буда, 20 миллиони дигарашро қарзҳои мушкилситон ташкил медиҳанд

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik.  Раҳмонзода Аҳлиддин, сардори нозироти андози ноҳияи Кӯшониён дар суҳбат бо рӯзномаи “Фараж” таъкид доштааст, ки дар зарфи 8 моҳи соли ҷорӣ қисми даромади буҷети ноҳия 95 дарсад иҷро шуда, ба буҷет 1 миллиону 700 ҳазор сомонӣ ворид нашуд.

Кошелек с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Вахш аз пардохти музди меҳнат наздик ба 3 миллион сомонӣ қарздор шудааст

Омили саривақт иҷро нашудани қисми даромади буҷетро ин шахси масъул саривақт пардохт накардани андоз аз ҷониби андозсупорандагон арзёбӣ карда, гуфт, ҳоло дар ноҳия 19 миллиону 700 ҳазор бақияи қарзи андоз ҷой дорад, ки 60 дарсади он ба соҳаи кишоварзӣ рост меояд.

Дар ҳамин ҳол, Ҷамшед Гулонов, як масъули идораи молияи ноҳияи Кӯшониён дар суҳбат бо хабарнигори ҳамин рӯзнома гуфтааст, ки қисми даромади буҷети ноҳия дар ҳашт моҳ зиёда аз 28 миллион ба нақша гирифта шуда буд, ки аз он 26 миллиону 308 ҳазору 771 сомониаш иҷро шудаасту халос.

Ҳамчунин, манбаъ гуфт, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилояти Хатлон дар ин давра зиёдтар аз 2 миллиону 650 ҳазор сомонӣ маблағҳои мақсаднок ҷудо карда нашудаанд.

Лентаи хабарҳо
0