Дар Хатлон беш аз 10 ҳазор тонна маводи доруворию ороишӣ нобуд карда шуд

© Sputnik / Алексей Мальгавко / Гузариш ба медиабонкТаблетки, архивное фото
Таблетки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти вилояти Хатлон эълон доштааст, ки дар вилоят беш аз 10 ҳазор тонна маводи тиббии муҳлаташон гузашта, сӯзонда нобуд карда шуд

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik.  Ба нақл аз рӯзномаи “Ҷуҳурият” беш аз 10 тонна маводи доруворӣ, ороишию гигиенӣ ва молҳои тиббие, ки муҳлати истифодаашон гузаштааст, аз тарафи  сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон нобуд карда шуд.

Пациенту ставят капельницу - Sputnik Тоҷикистон
Ҳушдори сарвазир аз афзоиши коронавирус дар минтақаҳо: "маводи доруворӣ захира кунед"

“Бояд гуфт, ки зиёда аз 9 тонна маводи тиббии муҳлаташон гузаштаро ширкатҳои фарматсевтӣ ва муассисаҳои тандурустӣ  худ барои нобуд кардан ба сарраёсат супурдаанд”,- таъкид доштааст Одина Шарифзода, сардори шуъбаи назорати давлатии фарматсевтии сарраёсат.

Ба гуфтаи Одина Шарифзода дар қиёс ба солҳои пешин маданияти соҳибкорон ва масъулони муассисаҳои тандурустӣ дар самти хизматрасонӣ ба аҳолӣ беҳтар шудааст.

Мутахассисони сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилоят эълон дошт, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ пайваста корҳои фаҳмондадиҳию таблиғотиро  бештар роҳандозӣ хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0