Омори нави гирифторӣ, шифо ва фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон

© REUTERS / DANISH SIDDIQUIВрачи
Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар дод, ки тайи шабонарӯзи гузашта дар кишвар 44 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-19 сабт шудааст. Рӯзи гузашта ин нишондод 45 нафарро ташкил дода буд

ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, то шоми имрӯз дар маҷмуъ дар кишвар 9 ҳазору 303 ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Дастгоҳи нави безараркунандаи лавозимоти конселярӣ дар шаҳри Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон
Ду дақиқа то куштани вирус аз дафтар ва қаламу қоғаз: ихтирои нави донишгоҳи Хуҷанд

Манбаъ афзуд, ки аз шумораи умумии гирифторшудагон то имрӯз 8 ҳазору 66 нафар шифо ёфтаанд. Теъдоди фавт аз коронавирус тайи рӯзҳои охир бетағйир монда, ҳамоно 73 ҳолатро ташкил медиҳад.

Ахиран Созмони Миллал гузориш дод, ки коҳиши теъдоди беморон дар Тоҷикистон метавонад ба далели "камбуди зарфияти озмоиш дар ин кишвар" бошад. Аммо Вазорати тандурустии Тоҷикистон ин иддаоро рад намуда, таъкид кардааст, ки тавони кофии ташхис дар кишвар фароҳам аст.

Бархе дар Тоҷикистон омори вазорати тандурустии ин кишвар марбут ба “вируси корона” - ро ба боди интиқод кашида, онро ғалат ва ғайривоқеӣ мехонанд. Ба иддаои онҳо, теъдоди гирифторону фавтидагон аз ин маризӣ аз он чӣ дар омори вазорат оварда мешавад, зиёд аст. Сабаби марги аксари онҳое, ки дар замони мубориза бо “вируси корона” дар Тоҷикистон фавтидаанд, расман илтиҳоби шуш, ишемияи дил, қанд ва дигар маризиҳои ҳамроҳ гуфта мешавад.

Аммо Александр Семёнов, раҳбари ҳайати “Роспотребнадзор” – и Русия, ки ба намояндагӣ аз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон якуним моҳ ба ин сӯ қарор дорад, мегӯяд, усули ҳисобдорӣ ё сабти мавридҳои “вируси корона” дар ин кишвар дуруст роҳандозӣ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0