ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Бино бар эълони вебгоҳ, ба Маҷлиси миллӣ 11 мутахассис - ёвари раиси Маҷлиси миллӣ, 2 сармутахассиси шуъба оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, 2 Сармутахассиси шуъба оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ ба кор даъват карда мешаванд.
Талабот барои хоҳишмандони ишғоли мансабҳои холӣ, маълумоти олӣ, 3 сол собиқаи кор дар хизмати давлатӣ, донистани Сарқонун, дониш ва малакаи роҳбарӣ, донистани забони давлатӣ ва хориҷӣ ва ғайра гуфта мешавад.
Нашри ҳолномаҳои аъзои Маҷлиси миллӣ: аз серфарзандию забондонӣ то хатми академияи хориҷӣ
Хоҳишмандон метавонанд ба нишонаи kadr@majmilli.tj ариза ба номи раиси Маҷлиси милллӣ, варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6 ва 2 дона акси андозаи 3х4), тарҷумаи ҳол, нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот, нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, маълумот оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ, нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда, эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молу мулкӣ, нусхаи шиносномаашонро ирсол кунанд.
Маълумоти бештарро аз сомонаи Маҷлиси миллӣ гирифта метавонед.