Сироят ба COVID-19 боз зиёд шуд: шабонарӯзи гузашта 45 ҳолати нав сабт шуд

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузариш ба медиабонкВрачи и пациент в госпитале для зараженных коронавирусной
Врачи и пациент в госпитале для зараженных коронавирусной - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар дод, ки тайи шабонарӯзи гузашта 45 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-19 сабт шудааст

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, дар як шабонарӯзи охир 110 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 38 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Манбаъ таъкид кардааст, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 45 ҳодисаи нави бемории  COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  9259  нафар баробар гардид.

Ситуация в связи с коронавирусом  - Sputnik Тоҷикистон
Сабти 43 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-19 дар Тоҷикистон

Ҳамзамон, вазорати тандурустии Тоҷикистон зикр кардааст, ки то санаи  18 сентябр дар мамлакат  8026  (86,7%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 73  нафар фавтидаанд.

Ахиран Созмони Миллал гузориш дод, ки коҳиши теъдоди беморон дар Тоҷикистон метавонад ба далели "камбуди зарфияти озмоиш дар ин кишвар" бошад. Аммо Вазорати тандурустии Тоҷикистон ин иддаоро рад намуда, таъкид кардааст, ки тавони кофии ташхис дар кишвар фароҳам аст.

Бархе дар Тоҷикистон омори вазорати тандурустии ин кишвар марбут ба “вируси корона” - ро ба боди интиқод кашида, онро ғалат ва ғайривоқеӣ мехонанд. Ба иддаои онҳо, теъдоди гирифторону фавтидагон аз ин маризӣ аз он чӣ дар омори вазорат оварда мешавад, зиёд аст. Сабаби марги аксари онҳое, ки дар замони мубориза бо “вируси корона” дар Тоҷикистон фавтидаанд, расман илтиҳоби шуш, ишемияи дил, қанд ва дигар маризиҳои ҳамроҳ гуфта мешавад.

Аммо Александр Семёнов, раҳбари ҳайати “Роспотребнадзор” – и Русия, ки ба намояндагӣ аз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон якуним моҳ ба ин сӯ қарор дорад, мегӯяд, усули ҳисобдорӣ ё сабти мавридҳои “вируси корона” дар ин кишвар дуруст роҳандозӣ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0