ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Бино бар пешбинии ҳавошиносон, рӯзҳои наздик дар Тоҷикистон ҳаво ноустувор шуда, тундбод ва хокрезиш интизор меравад.
Дар минтақаҳои алоҳидаи кишвар суръати шамол аз 12 то ба 17 метр/сония мерасад.
Дар ҷануби кишвар вилояти Хутлон ва ноҳияҳои тобеи марказ бошад тӯфон, чангу ғубор ва раъду барқ хоҳад шуд.
Интизор меравад, ки дар сар то сари ҷумҳурӣ ҳарорат то 6-8 дараҷа паст шавад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи абрӣ боқӣ монда, каме борон борад ва чангу ғубор мешавад. Ҳаво шабона 9-11 дараҷа гарм ва рӯзона то 22-24 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон борони кӯтоҳмуддат ва то 7 дараҷа ва рӯзона то 27 дараҷа гарм мешавад.
Дар шимоли Тоҷикистон вилояти Суғд борон, раъду барқ ва шамоли сахт хоҳад шуд.