ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Тоҷикистон 300 шаҳрванди дигарашро аз Қазоқистон баргардонид, хабар медиҳад Созмони ҷаҳонии муҳоҷирот дар Тоҷикистон.
Манбаъ менависад, Тоҷикистон ба бозгашти наздик ба 300 шаҳрвандаш, ки дар марзи Қазоқистон бо Ӯзбекистон дармонда буданд, мусоидат намуданд.
"Як гурӯҳи дигари муҳоҷирони тоҷик, ки дар гузаргоҳи марзии Жибек-Жоли дармонда буданд, 17-уми сентябр, баргаштанд. Ин ибтикорро Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ҳукуматҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон ҳамоҳанг намуд ва онро намояндагиҳои СБМ дар ҳар се ҷумҳурӣ созмон доданд", - менависад манбаъ.
Бозгашти муҳоҷирон бо ёрии молии Подшоҳии Норвегия сурат гирифтааст.
Ӯзбекистон парвозҳои мунтазамро бо Қазоқистон сар кард
Аз оғози маҳдудиятҳои марбут ба бемории фарогир, Созмони байналмилалии муҳоҷират ба бозгашти наздик ба 2500 шаҳрванди Тоҷикистон аз Қазоқистон тавассути Ӯзбекистон ба ватан мусоидат кардааст.
Дар ин миён, занону кӯдакон, муҳоҷирони корӣ ва донишҷӯён низ ҳастанд, ки дар марзи Қазоқистон бо Ӯзбекистон бо умеди идомаи роҳ ба Тоҷикистон ҷамъ омада буданд.