ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд ахиран дар толори китобхонаи ба номи “Тошхӯҷа Асирӣ”-и шаҳри Хуҷанд аъзои ташкилоти ҷамъиятии “Маркази маънавиёт ва маърифати ӯзбекон”-и вилояти Суғд бахшида ба муҳимтарин маъракаи сиёсии сол – интихоботи президентӣ, дастгирии номзадии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури феълӣ анҷуман доир намуданд.
Гуфта шудааст, ки дар чорабинии мазкур зиёда аз 100 нафар адибон, рӯзноманигорон ва намояндагони дигар ҷамъиятҳо иштирок карданд.
Тибқи иттилои манбаъ, иштироккунандагон, аз ҷумла Илҳом Юсупов, раиси маркази “Маркази маънавиёт ва маърифати ӯзбекон”-и вилояти Суғд, узви Ҷамъияти дӯстӣ Нодирҷон Солиҷонов, шоир ва рӯзноманигор Султонмурод Ҳоҷибоев, фаъолони марказ Ҷамшед Пиримов, Олимҷон Ҷоробоев ва дигарон дар мавзӯъҳои пешбарӣ гардидани номзадии Эмомалӣ Раҳмон ба интихоботи президентӣ ва дастгирии фаъолони маркази ӯзбекон, оиди интихобот, оид ба мушкилиҳои даврони ҷанги шаҳрвандӣ ва хизматҳои раисҷумҳури феълӣ дар таъмини сулҳу субот дар кишвар, қатлу куштори зиёиён аз ҷониби аъзоёни ТТЭ ҲНИ ва хиёнатҳои онҳо ва ғайра суханронӣ намуданд.
Мутобиқи қарори муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2020 интихобот дар Тоҷикистон 11 октябри соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд.