Нархи пахта 70 дирам шуд: омӯзгорону табибон ҳам ба “ҳашар” мебароянд

© FotoСбор урожая хлопка в Турсунзаде
Сбор урожая хлопка в Турсунзаде - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Масъулони ҳукумати вилояти Суғд дар ҷаласаи корӣ, масъалаи ҷамъоварии ҳосили пахтаро мавриди баррасӣ қарор додаанд. Дар ин ҷаласа ба роҳбарони хоҷагиҳои пахтакор супориш шудааст, ки барои чидани як кило пунба ба ҳашарчиён 70 дирамӣ пардохт кунанд

ДУШАНБЕ, 18 сен – Sputnik. Бино ба иттилоъи Хадамоти матбуоти ҳукумати Суғд, супориши баланд намудани ҳақмузд барои пахтачинҳо, имрӯз дар ҷаласаи кории раиси вилоят сурат гирифтааст.

“Бо супориши роҳбари вилоят минбаъд ба ҳар як кило пахтаи чидашуда 70 дирам ҳақмузд муқаррар ва аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонӣ пардохт карда мешавад. Дар машварати корӣ бо назардошти омӯзиши зарфиятҳо ва имконоти мавҷудаи шаҳру навоҳии пахтакор уҳдадории ҷамъоварии ҳосили имсола муайян гардид”, - хабар додааст Хадамоти матбуот.

Маъракаи пахтачинӣ дар Суғд аз рӯзҳои аввали моҳи сентябр шурӯъ шуда буд ва бино бар иттилоъи Сарраёсати кишоварзии Суғд, то рӯзи 16 сентябр дар хоҷагиҳои вилоят 5112 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст.

Имомзода Мухаммадюсуф Сайдали - Sputnik Тоҷикистон
“Семоҳӣ пахта мечидам, ҳозир академикам”: Вазир дар бораи хатти форсӣ ва “маршировка”-ҳо

Қаблан масъулони Идораи кишоварзии Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буданд, ҳанӯз сафарбар шудани табибону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии вилоят ба пахтачинӣ маълум нест ва ин масъала ба салоҳияти Ситоди вилоятӣ оид ба ҷамъоварии ҳосили пахта аст.

Зимнан бар пояи хабари котиботи матбуоти ҳукумати Суғд қарори раиси вилояти Суғд аз 17 августи соли 2020, № 246 «Дар бораи тадбирҳои сари вақт ва беталаф ҷамъ овардани ҳосили пахтаи соли 2020» ситоди вилоятӣ таъсис дода шудааст.

Дар ҳамин ҳол баъзе манобеъи макотиби навоҳии Суғд аз сафарбар намудани омӯзгорон ба пахтачинӣ хабар медиҳанд.

Як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, роҳбари мактаб ба як рафиқаш, ки омӯзгор аст дастур додааст, ки барои ба пахтачинӣ рафтан омодагӣ бинанд.

“Директори мактаб супориш додааст, ки аз ҳафтаи оянда омӯзгорон бо навбат ҳар ҳафта ба пахтачинӣ сафарбар карда мешаванд”, - иброз намуд ҳамсуҳбати мо.

Бино ба иттилоъи дарёфтӣ паст шудани ҳарорати ҳаво дар рӯзҳои охир Ситоди ҷамъоварии ҳосили пахтаро водор намудааст, ки дар баробари мудирони маориф, ҳамзамон ба масъулони соҳаи тандурустӣ барои ба пахтачинӣ фиристодани табибон, пешниҳод кардаанд.

Хлопок, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Наздик ба 92 ҳазор тонна пахта: ҷамъоварии пахта дар Суғд идома дорад

Соли ҷорӣ хоҷагиҳои Суғд дар майдони 58, 9 ҳазор гектор пунбадона кишт кардаанд, ки ин рақам дар муқоиса ба соли гузашта 450 гектар бештар аст. Соли гузашта, дар умум 130 ҳазору 283 тонна пахта ва ё ба истилоҳ “тиллои сафед” ҷамъоварӣ шудааст.

Масъулини Идораи кишоварзӣ мегуянд, имсол истеҳсоли 135 ҳазор тонна пахта, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияи Ашт 16 ҳазор тонна, Бобоҷон Ғафуров 18,9 ҳазор тонна, Зафаробод 31 ҳазор тонна, Конибодом 14,5 ҳазор тонна, Мастчоҳ 28 ҳазор тонна, Спитамен 13,2 ҳазор тонна ва Ҷаббор Расулов 13,4 ҳазор тонна дарназар дошта шудааст.

Солҳои охир бо сабаби камбуди техникаҳои пахтачинӣ, ҷамъоварии пунба дар хоҷагиҳо умдатан дастӣ сурат мегирад. Моҳи октябри соли гузашта даҳҳо табибон ва омӯзгорони донишгоҳу мактабу кӯдакистонҳои Суғд, барои ҷамъоварии пахта ба ноҳияҳои Ашту Зафаробод фиристода шуда буданд.

Масъулин, ба пахтачинӣ сафарбар шудани кормандони соҳаи буҷҷавӣ, омӯзгорону табибонро як роҳи дарёфти рӯзи аз саҳро маънидод мекунанд.

 Соли гузашта ҳам бо дастури Ситоди ҷамъоварии ҳосили пахта дар Суғд, ҳақмузди ҳар кило пахта то 70 дирам муқаррар шуда буд, вале дар хоҷагиҳо аз ин андоз нигоҳ дошта, ба пахтачинҳо аз 30 то 50 дирам пардохт мекарданд.

Лентаи хабарҳо
0