Фаврӣ: рӯзи интиқоли донишҷӯёни тоҷик ба Белорус маълум шуд

CC BY 2.0 / TJDarmstadt / EY-787 Somon Air B738 FRAСамолет компании "Сомон Эйр", архивное фото
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бояд гуфт, ки сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар Белорус ва Украина омодаанд ба донишҷӯёни тоҷик дар таъмини интиқол аз Минск ба Киев ва дигар шаҳрҳои Украина кумаки зарурӣ расонанд

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Тоҷикистон билохира баъд аз қариб 20 рӯзи оғози соли таҳсил мушкилии интиқоли донишҷӯёнеро, ки ба донишгоҳҳои хориҷ - Украина ва Белорус дохил шудаанд, ҳал кард. Онҳоро тариқи парвози мехсус ба Минск мебаранд.

Посадка пассажиров в самолет, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳар рӯз то 7 парвоз: рӯйхати нави 71 парвоз миёни Тоҷикистон ва Русия
Тавре Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гузориш медиҳад, Ситоди мубориза ва пешгирии коронавирус қарор қабул кардааст, ки донишҷӯёни тоҷикро тариқи ду парвоз ба Минс интиқол медиҳад.

Парвозҳоро, ки рӯзҳои 21 ва 27 сентябр сурат мегиранд, ширкати "Сомон Эйр" анҷом хоҳад дод.

Дар робита ба ин, Вазорати корҳои хориҷӣ аз донишҷӯёни тоҷике, ки дар Ҷумҳурии Белорус ва Украина таҳсил мекунанд, хоҳиш менамояд, ки ҳангоми ворид шудан ба ин кишварҳо талаботи беҳдоштию эпидемиологиро риоя кунанд.

Бояд гуфт, ки сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар Белорус ва Украина омодаанд ба донишҷӯёни тоҷик дар таъмини интиқол аз Минск ба Киев ва дигар шаҳрҳои Украина кумаки зарурӣ расонанд. Барои харидани билетҳои ҳавопаймо дар самти Душанбе-Минск шаҳрвандон метавонанд мустақиман ба ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" муроҷиат намоянд.

“Сомон Эйр”: барои расонидани донишҷӯёни тоҷик ба Беларус парвози махсус сурат мегирад

Бояд ба назар гирифт, ки ҳангоми вуруд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамватанон бояд бо худ маълумотнома дар бораи мубтало набудан ба коронавирус (COVID-19), ки тавассути санҷиш бо усули вокуниши занҷиравии полимеразӣ (ПЦР) гирифта шудааст ва на дертар аз 96 соат (4 шабонарӯз) қабл аз омадан ба Тоҷикистон омода гардидааст, дошта бошанд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди маълумотнома озод мебошанд.

 

Лентаи хабарҳо
0