Борон ва тӯфони чангу ғубор: имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорат якбора паст мешавад

© SputnikПохолодание в Душанбе, архивное фото
Похолодание в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 6-8 дараҷа паст мешавад. Борон меборад ва туфони чангу ғубор мешавад, гузориш медиҳад Агентии ҳавосанҷии кишвар

ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Бино бар иттилои манбаъ, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор дар назар аст.

Дар ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ (мавзеи Айвоҷ, н. Панҷ, Панҷи поён, ш.Бохтар, н. Ёвон, н. Фархор, н.Ховалинг, ш. Душанбе, мавзеи Чормағзак, н.Файзобод, ш.Хуҷанд, ш.Бӯстон, н. Ишкошим, н.Рӯшон) шиддати вазиши шамол бо суръати 12-17 метр дар як сония пешгӯӣ шуда, дар вилояти Хатлон тӯфони чангу ғубор ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ чангу ғубор ба амал меояд.

Окрестности города Душанбе с высоты - Sputnik Тоҷикистон
Борон намеборад: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ пастшавии ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 6-8 дараҷа аз эҳтимол дур нест.  

Агентии обуҳавошиносӣ меафзояд, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони суст меборад. Дар шарқи вилоят эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. 

Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 7+12 ва рӯзона 22+27  дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок  ва дар баъзе ноҳияҳо  тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд.  Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба шимолу ғарб бо суръати 3-8  ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад.

Похолодание в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Борон меборад: пешбинии дақиқи обуҳавошиносон барои имрӯз

Ҳаво  дар водиҳо шабона 8+13 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3+8  ва рӯзона 10+16  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри  бебориш ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст.

  Шамол аз самти шарқ  бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 12-17 метр дар як сония вазида, тӯфони чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 ва рӯзона 23+28  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 8+13 ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок ва дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбанда шуда, дар водиҳо эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) пешбинӣ шудааст.

Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ҷанубу ғарб бо суръати 3-8  ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15 метр дар як сония  мевазад.  Чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво  дар водиҳо  шабона 7+12 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5+10 ва рӯзона 17 +22 дараҷа  гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок ва тағйирёбанда пешбинӣ шуда,  эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. 

Борону чангу ғубор: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Танҳо рӯзона дар баъзе ҳолатҳо борони суст меборад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ҷанубу ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония  вазида,  чангу ғубор ба амал меояд.  Ҳаво шабона 9+11  ва  рӯзона 22+24 дараҷа гарм мешавад.

 

Лентаи хабарҳо
0