ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Ба иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар мавриди яке аз равандҳои калидии фазои сиёсии Афғонистон, ки имрӯзҳо диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб кардааст, яъне музокироти сулҳи Афғонистон, Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Тоҷикистон мавқеи Ҳукумати Афғонистонро дар таъмини амният ва сулҳу суботи пойдор ҳамеша ҷонибдорӣ карда, аз ҳар иқдоме, ки ба ҳалли мусолиҳатомези қазияи Афғонистон мусоидат мекунад, истиқбол менамояд.
“Дар ин робита қайд гардид, ки Тоҷикистон бо истифода аз ҳама зарфиятҳо ва имконоти мавҷуда минбаъд ҳам саъйю талош хоҳад кард, то ҷиҳати мусоидат ба ҳалли мушкилоти Афғонистон ва рушди иқтисодиву иҷтимоии он дар ростои манофеи мардуми бародари он саҳми худро гузорад”, - омадааст дар иттилоияи котибот.
Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки ҳамкорӣ бо Афғонистон дар сохтори сиёсати хориҷии Тоҷикистон яке аз самтҳои авлавиятнок муқаррар шудааст ва ҷониби мо ба густариши ҳамкориҳо бо ин кишвари ҳамҷавор пайваста таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин аҳаммияти пайгирии минбаъдаи масъалаҳои вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои зерсохторӣ ва энергетикии минтақавиро, ки омили ҷалби васеи Афғонистон ба раванди ҳамкориҳои минтақавӣ маҳсуб меёбанд, баррасӣ намудаанд.
Баъди ҳамла: мулоқоти Ятимов бо Амруллоҳ Солеҳ ва Абдулло Абдулло дар Кобул
Ҷонибҳо инчунин зарурати таҳкиму тақвияти ҳамкориҳояшро дар самти муборизаи муштарак алайҳи хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин дар ҷодаи мубориза бо ҳамагирии КОВИД-19 ва рафъи оқибатҳои он қайд намудаанд.