ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Ин нахустин нишасти гурӯҳҳои дӯстии парлумонии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар сӣ соли ахир аст, иттилоъ додааст радиои Садои Хуросон.
Ҳайати парлумонии Ӯзбекистон ба сарпарастии Улуғбек Иноятов-масъули кумитаи улум, омӯзиш, фарҳанг ва варзиши парлумони ин кишвар дар дидор бо гурӯҳи дӯстии парлумонии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба сарпарастии Дилрабо Мансурӣ-муовини маҷлиси қонунгузории ин кишвар, тақвияти ҳамкории маҷлисҳои ин ду ҷумҳуриро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.
Ҳамчунин дидори ҳайати парлумонии Ӯзбекистон бо масъулони маҷлисҳои Миллӣ ва Намояндагон ва ҳукумати Тоҷикистон дар назар аст.
Бар асоси ин барнома намояндагони Маҷлиси миллии Ӯзбекистон аз маконҳои таърихӣ ва ҷозибаҳои гардишгарӣ ва марказҳои саноъатии Тоҷикистон низ дидан мекунанд.