ДУШАНБЕ, 16 сен – Sputnik. "Регар-ТадАЗ" ва "Истаравшан" ба давраи нимниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон роҳ ёфтанд, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, шоми дирӯз дар варзишгоҳҳои мамлакат бозиҳои даври чорякфинали Ҷоми Тоҷикистон-2020 ба анҷом расиданд.
Дар баробари дастаҳои футболи "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб ва "Хатлон"-и шаҳри Бохтар дастаҳои "Регар-ТадАЗ"-и шаҳри Турсунзода ва "Истаравшан"-и шаҳри Истаравшан низ ба даври навбатӣ роҳ ёфтанд.
Дар бозиҳои чорякфинал дастаи футболи "Регар-ТадАЗ"-и шаҳри Турсунзода бар дастаи "Локомотив-Помир" бо ҳисоби 4:2 ғалаба кард.
Дар ҳайати дастаи ғолиб Шавкати Ҳотам се гол зад. Як голи дигарро Иброҳим Зокиров ба нишон расонид. Дар бозии дигар дастаи футболи "Истаравшан"-и шаҳри Истаравшан пас аз силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра дастаи футболи "Кӯктош"-и ноҳияи Рӯдакиро мағлуб намуд.
Баъди "рондан" аз "Ротор": футболбози шинохтаи тоҷик ба тими “Нижний Новгород” гузашт
Вақти асосии дидор бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом ёфт. Дар вақти изофӣ дастаҳо ба дарвозаи якдигар якголӣ заданд. Дар силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра бахти истаравшаниҳо омад карду бо ҳисоби 5:4 ғолиб омаданд.
Ҳамин тариқ, даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон-2020 22-23 сентябр баргузор мегардад. Дастаҳои футболи "Равшан"-и шаҳри Кӯлоб бо "Регар-ТадАЗ"-и шаҳри Турсунзода ва «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо "Истаравшан"-и шаҳри Истаравшан байни ҳам рақобат мекунанд.