ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Мутахассиси Агентии саниратӣ - эпидемиологии Ӯзбекистон Дилором Турсунова ба зарурати доштани ваксина алайҳи зуком дар замони авҷи маризии коронавирус зарур хонд.
Ба изҳори ӯ, нафароне, ки дар фасли тирамоҳ алайҳи зуком ваксин мегиранд, хатари сироятшавии онҳо ба дигар вирусҳо то 70 - 90 фисад коҳиш меёбад.
Теъдоди гирифторони коронавирус да Ӯзбекистон аз 43 ҳазор гузашт
Ҳамчунин, Турсунова зикр намудааст, ки ваксинаи зуком раванди сироятёбӣ ба маризии коронавирусро низ сабуктар мегардонад.
"Маризоне, ки алайҳи зуком ваксина гирифта бошанд, вируси COVID - 19 - ро осонтар мегузаронанд", - таъкид доштааст мутахассиси ӯзбек.
Бояд гуфт, ки дар Ӯзбекистон аслан, кӯдакони бесарпаноҳ, ки дар хонаи кӯдакон ба сар мебаранд, ройгон алайҳи зуком эм мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, чанде қабл кишвардори Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев қароре ба тасвиб расонд, ки то санаи 1 - уми октябр бояд тамоми кормандони макотибу боғчаҳо ва ҳамчунин намояндагони соҳаи тиб, алайҳи зуком эмгузаронӣ шаванд.
Ҳамин тариқ, то авохири моҳи ҷорӣ дар ин кишвар ҳудуди 1,5 миллион нафар алайҳи зуком ваксина хоҳанд гирифт.