ДУШАНБЕ, 16 сен – Sputnik. Дар Панҷакент кормандони милитсия марди 23 - соларо боздошт намуданд, ки дар ҳолати мастӣ аз дасти ҷавони 18 - сола маблағи калон тасарруф намудааст.
Бар хабари дафтари матбуоти ВУД Тоҷикистон, ҳодисаи мазкур рӯзи 4 - уми августи соли ҷорӣ, тахминан соати 22:30 дақиқа рух додааст.
Ғоратгарӣ дар рӯзи равшан: сокини Ваҳдат ҳамёни духтари 24 - соларо рабуда ғайб зад
Сокини 23 - солаи шаҳри Панҷакент дар ҳолати сархушӣ, назди варзишгоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 29, бо роҳи зӯроварӣ аз дасти ҷавони 18 - сола, 7 190 сомонӣ тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
ВУД Тоҷикистон меафзояд, гумонбаршуда феълан дастгир шуда, нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ тибқи моддаи 248 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз ёфта, тафтишот идома дорад.