Дар Тоҷикистон болоравии таваррум идома дорад: дурнамо барои соли 2020

© Sputnik / Стас ЭтвешКошелек с деньгами, архивное фото
Кошелек с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Танҳо дар моҳи августи соли равон таваррум дар Тоҷикистон 0,2 дарсадро ташкил дод. Дар маҷмӯъ аз аввали сол рушди тавварум 4,8 дарсадро ташкил дод

ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистонт таваррум дар бахши истеъмолӣ дар моҳи январ –августи соли равон 4,8 дарсадро ташкил додааст, иттилоъ додааст Ожонсии омори кишвар.

Цены на одном из рынков Душанбе в начале Декабря - Sputnik Тоҷикистон
Болотарин мизони таваррум дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба қайд гирифта шуд

Таъкид шудааст, ки танҳо дар моҳи августи соли равон сатҳи таваррум 0,2 дарсадро ташкил додааст.

Тавре, ки манбаъ хабар додааст, болоравии нархи маҳсулоти истеъмолӣ дар ҳашт моҳи соли равон 6,2 дарсадро ташкил дод. Нархи маҳсулоти ғайриистеъмолӣ 3,3 дарсад ва хизматрасониҳои пулакӣ беш аз 3 дарсад боло рафтааст.

Аз маҳсулоти истеъмолӣ болоравии нархи картошка ба назар мерасад. Болоравии нархи он 23 дарсадро ташкил додааст.

Арзиши маҳсулоти нонӣ 12,2%, мева 9,7% ва гӯшт 3,8 дарсад боло рафтааст.

Дар ҳамин ҳол, дар Тоҷикистон ҳамчунин арзоншавии бархе аз маҳсулот мушоҳида мешавад. Аз ҷумла нархи помидор ба 8,4%, бодиринг 4,2% ва сабзӣ 1,1 дарсад арзон шудааст.

Ёдрас мешавем, ки рушди таваррум дар Тоҷикистон дар соли гузашта 8 дарсадро ташкил дода буд.

Бонки миллии Тоҷикистон тасмим дорадсатҳи таваррумро то охири сол дар сатҳи 7 дарсад нигоҳ дорад.

Тибқи дурнамое, ки қаблан Бонки ҷаҳонӣ нашр карда буд, рушди таваррум дар Тоҷикистон дар соли 2020 8,1 дарсадро ташкил хоҳад дод.

Лентаи хабарҳо
0