Ҷашнҳои рӯзи 13 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 13 сентября
День 13 сентября - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи сенздаҳуми сентябр дар Тоҷикистон – Рӯзи мелиораторон ва дар Русия – Рӯзи барномасозон мебошад

Рӯзи 13 сентябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Cоли 1745 аввалин атласи ҷуғрофии Русия нашр шудааст.

Cоли 1788 шаҳри Ню-Йорк пойтахти ИМА эълон карда шуд.

© REUTERS \ Andrew Kelly Манхэттен на фоне завалов льда
Ҷашнҳои рӯзи 13 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон   - Sputnik Тоҷикистон
Манхэттен на фоне завалов льда

Cоли 1955 миёни собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Федералии Германия муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда шуданд.

Соли 1922 баландтарин ҳарорати ҳаво дар Африқо ба қайд гирифта шудааст, ки +57,8°С-ро ташкил дод.

Рӯзи 13 сентябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Cоли 2011 дар шаҳри Қайроққум (ҳоло Гулистон)-и вилояти Суғд Форуми байналмилалии иқтисодии «Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон – иқтидори рушд» баргузор гардид.

День 11 сентября - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 11 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Cоли 2013 дар шаҳри Бишкек Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Созмони Ҳамкории Шанхай суханронӣ кард.

Cоли 2014 дар шаҳри Душанбе Эъломияи муштарак миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории шарикии стратегӣ ба имзо расид.

Cоли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин агрегати дуюми навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанберо ба кор дароварда, ба сохтмони навбати дуюми ин иншооти азими энергетикӣ ва ҳам бунёди қисмати тоҷикистонии лӯлаи чоруми гази Осиёи Марказӣ-Чин расман оғоз бахшиданд.

Cоли 2017 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1990 – 1999 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” ба имзо расид.

Соли 2017  Тоҷикистон дубора иштирокчии Намоишгоҳи байналмилалии масолеҳи хӯроквории WorldFood Moscow, ки 11 сентябри ҳамон сол дар шаҳри Маскав баргузор гардид, шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 13 сентябр

  • Дар Тоҷикистон – Рӯзи мелиораторон.
  • Дар Русия – Рӯзи барномасозон.
Лентаи хабарҳо
0