ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Бар асоси маълумоти дастрасшуда Имомназароваро чор рӯзи қабл дар маҳалли 65-уми шаҳри Душанбе дидаанд. Сайфиддин Сайфиддинов, яке аз дастандаркорони ҷустуҷӯи Имомназарова навиштааст, ки Умеда қаблан дар маҳаллаи Гипрозем зиндагӣ мекардааст ва рӯзҳои охир аз ӯ дараке нест.
Дар эълони нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ зикр шудааст, ки бедаракшуда бемории руҳӣ низ дорад.
Аз афроде, ки дар бораи Умеда Имомназарова иттилое доранд, ё ӯро дидаанд, даъват карда шудааст, ки тариқи рақамҳои 221 21 21, телефони боварии вазири корхои дохилии Точикистон ё рақамҳои 93 922 21 11, 93 538 00 39 ва 93 995 17 77 – Шероз дар тамос шаванд.