"Имкониятҳо зиёд": чигуна Диловар аз Душанбе Чин Чжанг Вей шуд?

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкСдача экзаменов
Сдача экзаменов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Диловари 24-сола, ки дар шаҳри Душанбе ҳамчун “коршиноси забоншиноси чинӣ” машҳур асту номи хитоияш Чин Чжанг Вей мебошад, аз имкониятҳое гуфтааст, ки забони чинӣ фароҳам меорад

ДУШАНБЕ, 13 сен – Sputnik. Пас аз оғози "Камарбанд ва роҳ", бисёр ширкатҳои чинӣ ба Тоҷикистон рӯ оварданд ва ба сокинони маҳаллӣ имконияти васеъ барои рушд таъмин карданд, хабар додаст Синхуа. 

Председатель КНР Си Цзиньпин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Рафиқ Си аз вируси корона гуфту Руҳонӣ аз тавсеаи ҳамкориҳо: табрикоти Чину Эрон ба Раҳмон

Фарзон Машарипов, рӯзноманигори тоҷик матлаби нашршуда дар Чинро тарҷума кардааст, ки дар бораи ҷавони тоҷик бо номи Диловар қисса мекунад.

Ба иттилои манбаъ, падари Диловар Нодим як бор ба писари худ гуфт, ки "омӯзиши забони чинӣ ба ту имконият барои рушд меиҳад, ки ту тасаввур карданаш наметавонӣ". Диловар 6 сол пеш, бо дастгирии падараш, барои омӯзиши забони хитоӣ ба донишгоҳи Хэнани шахри Кайфэн, вилояти Хэнан, Чини марказӣ рафт.

"Баъд аз ба охир расидани омӯзиш, Диловар ба Тоҷикистон баргашт ва дар як ширкати чинӣ ҳамчун тарҷумон ба кор шуруъ кард. Ба туфайли самарабахш ва таҷрибаи дарозмуддати забони чинӣ Диловар дар корҳояш муваффақ мешавад. Ҳамкорӣ бо ширкатҳои чинӣ ба ман дарҳои баракати оилавиро боз кард" – омадааст дар матлаб.

Манбаъ афзуд, дар айни замон, Диловар ва дӯстонаш мехоҳанд мактаби забони хитоӣ кушоянд, то ин ки кӯдакони тоҷик бештар забони хитоиро омӯзанд. Диловар гуфт, мехоҳад писараш низ чун ӯ дар Донишгоҳи Фудани Шанхай таҳсил кунад ва умед дорад, ки дӯстии Тоҷикистону Чинро идома хоҳад дошт.

Лентаи хабарҳо
0