ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, дидори дастаҳо дар варзишгоҳи “Нефтяник”-и ноҳияи Рӯдакӣ баргузор шуд.
“Ба голи задаи легионери ӯзбекистонии “Куктош” Муҳиддин Одилов, душанбегиҳо тавассути зарбаҳои нишонраси Ҷонибек Шарифов ва Ислом Зоиров ҷавоб доданд”, - омадааст дар матлаб.
Кумита таъкид кард, ки пас аз ин ғалаба “Локомотив-Помир” минтақаи хатарро тарк карда, ба ҷои ҳаштуми ҷадвали чемпионат баромад.
Бозиҳои даври навбатӣ 19-20 сентябр баргузор мешавад. Дар даври 16-ум 19 сентябр “Файзканд” бо “Душанбе-83”, “Локомотив-Помир” бо КМВА, “Истаравшан” бо “Регар-ТадАЗ”, 20 сентябр “Истиқлол” бо “Хатлон”, “Хуҷанд” бо “Куктош” вомехӯранд.
Феълан дар садри мусобиқот дастаи "Истиқлол" (Душанбе) қарор дошта, сипас “Хуҷанд”, “Хатлон”, “Куктош”, КМВА, “Душанбе-83”, “Файзканд”, “Локомотив Помир”, “Истаравшан”, “Регар ТадАЗ” ҷой гирифтаанд.