Ба маросими оғози гуфтушунидҳо ҳайати ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати ифротии Толибон (мамнӯъ дар Русия) ҳозир шуданд. Ҳайатҳои ҳар ду ҷониб ҳудуди 20-нафариро дар бар мегирифтанд.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон, изҳор дошт, ки мақомоти Афғонистон баъди 42 соли мухолифатҳо мехоҳанд, саҳифаи ҷангро пӯшанду саҳифаи сулҳро боз намоянд.
Ӯ таъкид намуд, ки Ҳукумати Афғонистон ва Толибон муштаракан масъулияти таъмини сулҳ дар кишварро ба дӯш доранд.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ ҳадафи музокиротро созишномаи доимӣ барои сулҳ унвон кард. Ӯ илова намуд, ки дар ин ҷанг ҳамаи ҷонибҳо бой медиҳанд.
“Имрӯз чун рӯзи хатми ҷанг дар хотирҳо сабт мешавад”, - гуфт Абдуллоҳ. Ӯ қотеияти ҳукумати Афғонистон ва толибонро барои таъмини сулҳ дар кишвар таъкид намуд.
Ин гуфтушунидҳо дар пайи иҷрои шарт барои озод кардани маҳбусони тарафайн имконпазир шуданд.