Мақомоти қирғиз дар марз бо Тоҷикистон 7 тонна бангдонаро дарёфт ва мусодира карданд

© пресс-служба ГПС КРСемь тонн конопли кыргызские военные сожгли на приграничной с Таджикистаном и Узбекистаном территории
Семь тонн конопли кыргызские военные сожгли на приграничной с Таджикистаном и Узбекистаном территории - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон дар дар марз бо Тоҷикистон ду кишти бангдонаро ошкор ва нобуд карданд

ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Марзбонони қирғиз дар рафти азназаргузаронии ҳудуди наздимарзӣ ду порча кишти ғайриқонунии бангдонаро ошкор карданд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон дар истинод ба дафтари матбуоти Хадамоти давлати марзӣ.

Поле опийного мака. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
“Банг кам, бангӣ кам”. Нархи афъюн боло рафтааст
Як кишти маводи мухадирро дар Ҷалилобод ва дувумро дар вилояти Бодканд ошкор карданд. Ҳарду кишт ҳам дар минтақаи марзӣ, яке бо Ӯзбекистон ва дигаре дар Тоҷикистон қарор доштааст.

Ба макони "бозёфт" низомиён мутахассисонро даъват карданд. Масоҳати умумии кишт 6, 5 гектарро ташкил додааст.

Амалиёти “Кукнор-2019”: дар Бадахшон 16 ҳазор бех ниҳолҳои бангдона решакан карда шуд

 

Пас аз ташхис марзбонон растаниро оташ заданд.

Вазни умумии бангдона 7 тоннаро ташкил додааст.

Лентаи хабарҳо
0