ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент, сафари кории кории Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз ноҳияи Айнӣ оғоз шуда, баъдан раисиҷумҳур ба шаҳри Панҷакент рафт.
Дар Панҷакент чорабиниҳо барои таҷлили 5500 солагии шаҳри Саразм идома.дорад ва дар назар аст, ки раисиҷумҳур дар он ширкат кунад.
Ҳамзамон дар назард аст, симпозиуми байналмилалии “Саразм - оғози фарҳанги кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон” баргузор шавад.
Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳр аллакай, Беморхонаи марказӣ, меҳмонхонаи “Саразм плаза”, ҶСП “Мармари Саразм”-ро фтитоҳ кардаву ҳамзамон аз оилаи Восиевҳо ва хоҷагии деҳқонии “Роҳи абрешим” дидан кардааст.
Сафари кории президент дар ин минтақа ва шаҳру навоҳии дигари вилоят идома хоҳад кард.