Русия ба мактаббачагони Тоҷикистон 2 ҳазор тонна орди витаминдор дод: боз медиҳад

© Sputnik / Амир ИсаевРоссия и Всемирная продовольственная программа ООН передали Таджикистану 3 тыс. тонн муки.
Россия и Всемирная продовольственная программа ООН передали Таджикистану 3 тыс. тонн муки.  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ёрии башардӯстона дар доираи кумаки Русия ва СММ расонида шуданд. Дар ояндаи наздик ба Тоҷикистон боз ҳазор тонна орд фиристода хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Русия ва Барномаи умумиҷаҳонии озуқавории СММ ба Тоҷикистон 2000 тонна орди витаминдори истеҳсоли Русияро додаанд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ин ташкилот.

Ребенок обедает в школьной столовой. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Русия барои рушди низоми ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон 21 миллион доллар ихтисос дод
Инчунин қайд карда шуд, ки то охири моҳ ба Тоҷикистон боз ҳазор тонна орд ворид карда мешавад.

Гуфта мешавад, кӯмаки башардӯстона дар доираи меморандуме, ки миёни Вазорати мудофиаи шаҳрвандӣ ва ҳолатҳои фавқулоддаи Русия ва СММ барои солҳои 2020-2021 ба имзо расидааст, расонида шуданд.

Соли ҷорӣ Русия ба Тоҷикистон 5 миллион доллар ҷудо кард ва ҳаҷми кумакҳои ғизоӣии ин кишвар сар аз соли 2005 инҷониб, 82,5 миллион долларо ташкил медиҳад.

Тибқи қарори мақомоти Тоҷикистон, ин ғизо ба муассисаҳои таълимӣ фиристода мешавад ва онро беш аз ду ҳазор мактаби деҳот дастрас хоҳанд кард.

© Sputnik / Амир ИсаевРоссия и Всемирная продовольственная программа ООН передали Таджикистану 3 тыс. тонн муки.
Русия ба мактаббачагони Тоҷикистон 2 ҳазор тонна орди витаминдор дод: боз медиҳад - Sputnik Тоҷикистон
Россия и Всемирная продовольственная программа ООН передали Таджикистану 3 тыс. тонн муки.

Олег Илишев, котиби якуми сафорати Русия гуфт, чунин миқдори назарраси кумакҳо намунаи равшани шарикии стратегӣ ва ҳамкории Русия ва Тоҷикистон мебошад.

"Ҳаҷми умумии кумак ба ниёзмандон дар Тоҷикистон сар аз соли 2005 аз 85 миллион доллар зиёд аст. Саломатии кӯдакон ва мактаббачагон барои мо муҳим аст, аз ин рӯ ҳамаи ин ғизо ва дигар маблағҳо барои дастгирии мактабҳои деҳоти Тоҷикистон равона карда шудаанд", - шарҳ дод намояндаи сафорат.

Ҳамзамон, сар аз соли 2013 Русия бо Созмони ҷаҳонии озуқа барномаи беҳтар намудани хӯроки мактабӣ - таъмири ошхонаҳо, сохтмони нонвойхонаҳо, гармхонаҳоро амалӣ менамояд. Дар ин тарҳ беш аз 28 миллион доллар сармоягузорӣ шудааст.

Муҳаммаддовуд Саломиён, муовини якуми вазири маориф ва илми Тоҷикистон  барои кумак ба Русия ташаккур гуфта, изҳор доштааст, ки чунин ҳамкорӣ имконоти навро барои муносибатҳои шарикии Русия ва Тоҷикистон фароҳам меорад.

Лентаи хабарҳо
0