Гирифторони COVID-19 дар Тоҷикистон ба 9 ҳазор наздик шуд

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкВрач у постели пациента во время обхода в госпитале
Врач у постели пациента во время обхода в госпитале - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 38 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд

ДУШАНБЕ, 11 сен - Sputnik. Дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон  аз 30 апрел то 11 сентябр 8 ҳазору 977 ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст, хабар дод Вазорати тандурустӣ.

Муфтий Ильдар-хазрат Аляутдинов  - Sputnik Тоҷикистон
Муфтии Маскав гирифтори коронавирус шуд: "худ ва наздиконатро эҳтиёт кунед"

Манбаъ афзуд, аз ин теъдод  7 ҳазору 747 нафар ё худ 86,3%-и беморон аз COVID-19 шифо ёфтаанд ва бар асари он 72 нафар фавтидаанд.

“Дар шабонарӯзи охир таҳти назорати табибон 107 нафар гумонбарон қарор дошта, 33 нафар бемор баъд аз табобат аз муассисаҳо ба хона ҷавоб дода шуданд”, - омадааст дар иттилояи расмӣ.

Ахиран Созмони Миллал гузориш дод, ки коҳиши теъдоди беморон дар Тоҷикистон метавонад ба далели "камбуди зарфияти озмоиш дар ин кишвар" бошад. Аммо Вазорати тандурустии Тоҷикистон ин иддаоро рад намуда, таъкид кардааст, ки тавони кофии ташхис дар кишвар фароҳам аст.

Игрок французской сборной по футболу Калиан Мбаппе во время тренировки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Килиан Мбаппе, гаронарзиштарин футболбози сайёра гирифтори коронавирус шуд

Бархе дар Тоҷикистон омори вазорати тандурустии ин кишвар марбут ба “вируси корона” - ро ба боди интиқод кашида, онро ғалат ва ғайривоқеӣ мехонанд. Ба иддаои онҳо, теъдоди гирифторону фавтидагон аз ин маризӣ аз он чӣ дар омори вазорат оварда мешавад, зиёд аст. Сабаби марги аксари онҳое, ки дар замони мубориза бо “вируси корона” дар Тоҷикистон фавтидаанд, расман илтиҳоби шуш, ишемияи дил, қанд ва дигар маризиҳои ҳамроҳ гуфта мешавад.

Аммо Александр Семёнов, раҳбари ҳайати “Роспотребнадзор” – и Русия, ки ба намояндагӣ аз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон якуним моҳ ба ин сӯ қарор дорад, мегӯяд, усули ҳисобдорӣ ё сабти мавридҳои “вируси корона” дар ин кишвар дуруст роҳандозӣ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0