ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Филми мазҳакавии "Автобус" -и коргардони тоҷик Абдулхай Зокиров дар як ҷашнвораи байналмилалӣ дар Русия ҷоизаи мӯътабар гирифт, гузориш медиҳад АМИТ "Ховар".
Ба иттилои манбаъ, филми ҳунарии мазҳакавии Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” бо номи “Автобус” дар Кинофестивали байналмилалии XVI филмҳои мусулмонии Қазон сазовори Ҷоизаи Дипломи 1 Нигоҳи гурӯҳи стратегии “Россия ва олами исломӣ” гардид.
Ба гуфтаи муаллиф ва коргардони филм Абдулҳай Зокиров, ҷашнвора онлайн баргузор шуд, филмҳо тақрибан ду моҳ пеш интихоб шуданд.
Имсол дар ҷашнвораи байналмилалии филмҳои мусалмонии Қазон беш аз 600 филм ширкат кард, ки 60-тои он барои иштироки минбаъда интихоб шуданд.
“Ман айни ҳол дар Саразм қарор дорам ва бовар кунед, ҳатто саҳифаи электрониамро накушодаам, вале ин хабари хушро вақте аз ҳамкасбон шунидам, маро он хеле рӯҳбаланд кард”, — гуфтааст Зокиров.
Шоҳҷоиза барои беҳтарин филми ҳунарӣ дар соли 2020-ро коргардони чинӣ Ван Ҷин барои филми "Шаҳри Чангфэнг" соҳиб шуд ва коргардонҳои беҳтарин аз рӯи филми пурраметража Марина Эр Горбач ва Меҳмет Баҳодир Эр аз Туркия барои филми "Умар ва мо" интихоб шуданд.
Филми "Автобус" ба гуфти коргардони он, соли 2019 ҳамчун як мазҳакаи моҷароҷӯй ба навор гирифта шуда, ҳама амалҳои филм дар автобус ва кӯча сурат мегиранд ва барои ба навор гирифтани филми 80-дақиқаӣ қариб як моҳ тӯл кашидааст.
Фестивали байналмиллалии филмҳои мусулмонии Қазон-яке аз ҷашнвораҳои бузурги синамои Қазон мебошад, ки шурӯъ аз соли 2005 соле як маротиба гузаронида мешавад.