ДУШАНБЕ, 11 сен - Sputnik. Ахиран наздикони кӯдак аз ҷониби модар бо нашри як видео аз таҷовузи фарзандашон аз ҷониби хешовандони падараш хабар дода, таъкид карданд, ки ин корро худи амаки ҷабрдида анҷом додааст.
Додситонии кулли Тоҷикистон дар пайи нашри навор хабар дод, ки сабти видеоӣ оид ба расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ ба саломатии кӯдакӣ 4-сола дар шаҳри Турсунзода, ки санаи 5 сентябри соли 2020 дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда буд, мавриди омӯзиш қарор гирифт. Дар ин робита додситонӣ хабар дод, ки ду нафар муттаҳам боздошт шудаанд.
Боздошти амаку аммаи кӯдаки ҷабрдида
“Дар натиҷаи пешбурди тафтишоти пешакӣ муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро Ҳайдарова Одина Абдулҳодиевна, соли таваллудаш 1995 ва Мамадҷонов Муҳаммадҷон Абдулҳодиевич, соли таваллудаш 1997 содир намудаанд”, - хабар дод додситонии кул.
Манбаъ таъкид кард, ки 9 сентябри соли 2020 Ҳайдарова ва Мамадҷонов аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир ва вориди боздоштгоҳи муваққатии РВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе шуданд.
Мақомоти додситонӣ афзуд, ки феълан тафтишоти пешакӣ аз рӯи ин ҳодиса идома дорад. Юсуф Раҳмон дар ҷаласа таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, таъкид кард, ки таҳқиқи қазия таҳти назорат қарор дорад.
Қаблан модари духтари ҷабрдида, гуфт, ки ҳодиса аввали моҳи август аз ҷониби амак ва аммаи духтараш содир шудааст. Ба гуфтаи модар, ӯ аз шавҳар бо ду фарзанд ҷудо шуда буд, вале наздикони шавҳари собиқаш ҳаққи дидор бо фарзандонро доштанд. Ӯ афзудааст, ки дар Иди Қурбон амаку аммаи духтараш барои сайру гашт, ӯро бо худ бурданд ва баъдан хусури собиқаш бо ӯ занг зада аз бемории духатараш хабар додааст. Ба гуфтаи модар, дар пайи хунравии зиёд духтурон чор соат фарзандашро ҷарроҳӣ кардаанд.
Наздикони духтарча аз ҷониби модарӣ иддао карданд, ки ӯро хешовандонаш аз ҷониби падар таҷовуз кардаанд. Қаблан ҷониби муттаҳамон дар расонаҳо ин даъворо беасос хонда, таъкид карданд, ки духтар аз қабл чунин беморие дошт ва гоҳо чунин ҳодиса рух медод.