ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Маркази сейсмологии Аврупо ва Баҳри Миёназамин гузориш медиҳад, ки дар қаламрави Тоҷикистон ва наздикии Афғонистон заминларза сабт шудааст.
Дар 46 километрии маркази Хоруғ, якчанд истгоҳҳои сейсмикии байналмилалӣ якбора ларзишро ба қайд гирифтанд, ки шиддаташ 4,4 балл буд.
Ба иттилои манбаъ, заминларза 9 сентябр соати 21:16 ба вақти Душанбе рух дода, онро ҳаттор дар шаҳри Мингораи вилояти Хайбари Покистон эҳсос кардаанд.
Ғайр аз он, тибқи маълумоти Хадамоти ягонаи геофизикии Академияи илмҳои Русия, заминларза дар минтақаи марзӣ бо Афғонистон рух додааст.
Ларзиши замин дар водии Фарғона ва як қатор дигар минтақаҳои Ӯзбекистон низ бо шиддати 2 балл эҳсос шудааст.
Ёдовар мешавем, сеюмин ҳодисаи заминларзӣ сар аз моҳи сентябр аст.
Заминҷунбӣ дар Тоҷикобод 100 манзилро хароб кард: хисорот ҳисоб шуду кумак баррасӣ мешавад
Қаблан 1 сентябр дар 17 километрии Исфара, дар марзи байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ҳамзамон санаи 8 сентябр дар манотиқи марзии байни Тоҷикистон ва Чин дар 33-километрии Мурғоб ларзиши замин ба қайд гирифта шуда буд.