Роҳбари телевизиони Хуҷанд: аз хуруҷи дубораи COVID-19, фавти табибон то беморхонаҳои пур

© Sputnik / Владимир Смирнов / Гузариш ба медиабонкВрач, архивное фото
Врач, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аъзам Акбаров, директори телевизиони маҳаллии “Азия” дар шаҳри Хуҷанд бо нашри як муроҷиатнома дар бораи хуруҷи мавҷи дуюми бемории COVID-19, бепарвои дар иҷрои қоидаҳои беҳдоштӣ ва марги бармаҳали табибон зикр намудааст

ДУШАНБЕ, 10 сен – Sputnik. Аъзам Акбаров дар муроҷиатномаи видеоии худ гуфтааст, рӯзҳои охир нафарони зиёде бар асари бемории COVID-19 аз дунё рафтанд ва шунидани хабари даргузашти онҳо басо риққатбору дилгиркунанда аст.

Свеча - Sputnik Тоҷикистон
Даргузашти Фурқат Мансуров, саратоншиноси №1 дар Суғд

“Бисёр нафарон аз COVID-19 моро тарк карда истодаанд, онҳо дигар барнамегарданд. Танҳо зарфи 15-20 рӯзи охир, аз даргузашти нафарони зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва телевизионӣ хабарҳо мерасанд. Нафароне, ки чи қадар барои аъзои хонаводаи худ азизу меҳрубон буданд ва саҳме дар рушди ҷомеа доштанд. Аз рафтани бармаҳали онҳо хеле дилгир ҳастем ва илоҷи дигар ҳам надорем”, иброз намудааст Акбаров.

Ин муроҷиатномаи роҳбари “Азия” баъди он садо медиҳад, ки рӯзҳои охир хабари даргузашти табибон ва фаъолони ҷомеа аз хуруҷи беморӣ бештар нашр мешаванд.

Бино ба иттилоъи манобеъи Sputnik Тоҷикистон субҳи рӯзи 10 уми сентябр Фурқат Мансуров, сартабиби Диспансери саратоншиносӣ (онкологияи) вилояти Суғд дар сини 47 солагӣ аз олам даргузаштааст.

Аз ӯ пештар Фазлиддин Шарипов, табиби бемориҳои чашм, собиқ сартабиби Бемористони клиникавии Суғд ва роҳбари Маркази муолиҷаи лазерии чашм “Карния” дар сини 60 солагӣ бар асари бемории “илтиҳоби шуш” дунёро падруд гуфт.

Рӯзи 6 уми сентябр Назокат Ёрматова, омӯзгор бо таҷриба ва собиқ муовини раиси шаҳри Хуҷанд дар 62 солагӣ аз хуруҷи бемории “илтиҳоби шуш” ҷон ба Ҳақ пайваст. Як ҳафта пеш аз ин, Содиқҷон Бобоев табиб-ҷарроҳи Бемористони № 1 и шаҳри Хуҷанд дар синни 58 солагӣ аз бемории ҳамагири “илтиҳоби шуш” аз олам чашм пушид.

Дар хона табобат мегирифт: даргузашти табиби маъруф Шарипов аз "илтиҳоби шуш" дар Суғд

Аъзам Акбаров таъкид намудааст, ки хуруҷи мавҷи COVID-19 доман паҳн намудааст, вале бисёриҳо бепарвоӣ зоҳир намуда, бастани ниқоб ва риояи дигар қоидаҳои беҳдоштиро фаромӯш кардаанд.

“Ин бепарвоиҳо ба он оварда расонидааст, ки бисёриҳо ба ин бемори гирифтор шудаанд ва бемористонҳо аз беморон пур шудаанд”.

Роҳбари телевизиони “Азия” дар поёни муроҷиатномааш аз мухотабонаш даъват намудааст, ки бастани ниқоб ва дигар қоидаҳои беҳдоштиро риоя кунанд ва дар ҳолати ҳис кардани нишонаҳои беморӣ онро пинҳон накарда ба духтурон муроҷиат намуда, худу атрофиёнро эҳтиёт намоянд.

Лентаи хабарҳо
0