Рашт: сардорони милисаву амният таъин шуданд, прокурор ҳанӯз на

Саидзода Маҳмадсаид Борон
Саидзода Маҳмадсаид Борон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо гузашти 15 рӯз аз барканории раҳбарони ниҳодҳои қудратии Рашт дар пайи тағйироти ахири кадрӣ сардорони раёсатҳои милисаву амнияти минтақа маълум шуданд, аммо прокурор ҳоло таъин нашудааст

ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон таъйид кард, ки Саидзода Маҳмадсаид Борон, генерал-майори милитсия, сардори Раёсати ВКД дар минтақаи Рашт таъин шудааст.

Рахмон вручил госнаграду генерал майору Сафиаллоху Девонаеву - Sputnik Тоҷикистон
Барканориҳо дар Рашт: сардорони милисаву БДА ва прокурор аз вазифа сабукдӯш шуданд

“Он кас ҳамзамон вазифаи сардори шуъбаи милисаи ноҳияи Раштро низ иҷро хоҳад кард”, - гуфт Нусратулло Маҳмадзода.

Саидзода Маҳмадсаид Борон 1 январи соли 1964 таваллуд шуда, аз 1 марти соли 1991 умдатан дар ниҳодҳои Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Тоҷикистон кор кардааст ва аз соли 2014 то 2017 сардори Раёсати БДА – и Тоҷикистон будааст. То 10 сентябри соли 2020 ӯ муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон буд.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, Абдусафо Сафоев сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар гуруҳи навоҳии минтақаи Рашт таъин шудааст. Ӯ дар гузашта сардори шуъбаи КДАМ дар ноҳияи Нуробод буд.

Дар ҳамин ҳол, дар Прокуратураи генералии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки сари таъйини прокурори ноҳияи Рашт ҳанӯз тасмими ниҳоӣ гирифта нашудааст.

“Ҳамин шабу рӯз маълум хоҳад шуд”, - гуфтанд дар ин ниҳод.

Фармони Президент: дар Тоҷикистон як генерал зиёд шуд - кист?

28 август расонаҳо аз барканории якбораи раҳбарони тамоми ниҳодҳои қудратӣ – ВКД, прокуратура ва КДАМ дар минтақаву ноҳияи Рашт хабар доданд, ки ба таври худ ғайримунтазира буд.

Барканории Борону мансаби нави Партов: Раҳмон дар ВКД тағйироти кадрӣ кард

Гуруҳи ноҳияҳои минтақаи Рашт панҷ ноҳия – Рашт, Сангвор, Нуробод, Тавилдара ва Лахшро ташкил медиҳад. Ниҳодҳои вижаи қудратӣ дар Рашт аз соли 2011 ба ин сӯ ташкил шудааст, ки кори мақомоти навоҳии минтақаро ҳамоҳанг мекунад.

Лентаи хабарҳо
0