ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Дар Санкт-Петербург як шаҳрванди Тоҷикистон бар асари зарбаи барқ ҳалок шуд, менависад нашрияи мустақили "47 новостей".
Ба итилои манбаъ, ҳодиса тақрибан соати яки шаби гузашта сар задааст.
Шоҳидон ба нуқтаи хадамотӣ занг задаву дар бораи хомуш шудани барқ хабар медиҳанд.
Пас аз чанде шоҳидон ба ёрии таъҷилӣ дар бораи пайдо кардани ҷасади шаҳрванд дар кӯча хабар медиҳанд.
Гуфта мешавад, ҷасади мард дар гӯшаи хиёбони Воронсовский ва хиёбони Ручевский мехобид.
Табибоне, ки ба ҷои ҳодиса расиданд, танҳо марги шахси ёфтшударо тасдиқ карданд, мегӯяд манбаъ.
Манбаъ мегӯяд, ҳалокшуда ҷавони 23 солаи тоҷик буда, сар аз моҳи январ дар ин шаҳр зиндагӣмекардааст.
Айни замон, Кумитаи тафтишоти вилояти Ленинград санҷиши марги муҳоҷирро таҳқиқдорад, афзудааст манбаъ.