Эълони шаш рӯзи роҳбандӣ: кадом шоҳроҳу кӯчаҳо баста мешаванд?

Обуна шудан
Масъулини Бозрасии давлатии автомобилии ВКД дар вилояти Суғд аз баста шудани роҳу кӯчаҳои нақлиётгарди шаҳру ноҳияҳо дар рӯзҳои ташрифи меҳмонони Олиқадр ба вилояти Суғд хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 10 сен – Sputnik. Бино ба эълони БДА Суғд, тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари кории меҳмонони Олиқадр ва ҳайати ҳамрокунандаи онҳо дар поёни ҳафтаи ҷорӣ ба вилояти Суғд дар назар дошта шудааст ва ба ин муносибат ҳаракати ҳамагуна воситаи нақлиёт давоми шаш рӯз дар якчанд роҳу кӯчаҳо маҳдуд карда мешавад.

ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Нохушӣ дар оилаи Гурезов: ҳалокати ду бародари ҷавон дар пайи садамаи нақлиётӣ

Бино ба иттилоъи БДА Суғд санаи 12 сентябр, роҳи хиёбони Рӯдакӣ, шаҳри Панҷакент – Саразм дар шаҳри Панҷакент.

Санаи 13 сентябр, хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакент, кӯчаҳои марказии ноҳия Зафаробод.

Санаи 14 сентябр кӯчаи И. Сомонии ноҳияи Масчоҳ, роҳи Масчоҳ - Палдорак, шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Бӯстон – Чаноқ, ҳудуди ноҳияи Масчоҳ, ноҳияи Б. Ғафуров роҳи Сомғор, шаҳри Гулистон.

Санаи 15 сентябр роҳи Ашт – Понғоз – Шайдон – Булоқ ва минтақаи Ошобаи ноҳияи Ашт. Санаи 16 сентябр кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон, роҳи Ғафуров – Хуҷанд , кӯчаҳои И. Сомонӣ, К. Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд, шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ , ҳудуди Галамайдон то Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов, Деҳмой – Конибодом, кӯчаҳои Б. Ғафуров ва Ҳувайдуллоеви шаҳри Бӯстон ва кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон.

Сотрудник милиции в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
"Диққат!": БДА дар ҷумҳурӣ рейди "Бачаҳо" мегузаронад

Санаи 17 сентябр ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои марказии шаҳри Гулистон, роҳи Хуҷанд – Ғафуров, кӯчаҳои Б. Ғафуров ва Ҳувайдуллоеви шаҳри Бӯстон маҳдуд карда мешавад.

Мақомоти БДА бо нашри ин иттилоъ аз ҳамаи ронандагони воситаҳои нақлиёт эҳтиромона хоҳиш намудааст, ки дар санаҳои нишондодашуда аз ҳаракати нақлиёт дар роҳу кӯчаҳои дар боло зикр гардида худдорӣ намуда, ҳаракати худро тариқи роҳу кӯчаҳои ҳамшафат ин кӯчаҳо идома диҳанд.

"Дар сурати муқобил нисбати ронандагон чораҳои сахти маъмурӣ андешида мешавад",- омадааст дар эълони БДА.

Лентаи хабарҳо
0