Ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкорӣ бо Эрон ва дастур ба Прокурори генералӣ

© Foto / Хадамоти матбуоти Президенти УзбекистонЭмомали Рахмон подписывает документы на заседании глав государств СНГ в Душанбе
Эмомали Рахмон подписывает документы на заседании глав государств СНГ в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат аз санади ҳамкорӣ миёни додситониҳои кулли Тоҷикистон ва Эрон ҷонибдорӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 9 сен - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон ҳафтаи қабл бо имзои қарори Ҳукумат ёддошти тафоҳум оиди ҳамкорӣ миёни Додситонии кулли Тоҷикистон ва Додситонии кулли Эронро тасдиқ кард.

Председатель КНР Си Цзиньпин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Рафиқ Си аз вируси корона гуфту Руҳонӣ аз тавсеаи ҳамкориҳо: табрикоти Чину Эрон ба Раҳмон

Бар асоси қарори Ҳукумат, Эмомалӣ Раҳмон ба Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон дастур додааст, ки ёддошти ҳамкориро имзо кунад ва дар сурати зарурат тағйиротеро, ки аҳамияти усулӣ надоранд, ворид намояд.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дастур гирифтааст, ки бо ҷониби Эрон санаю ҷойи имзои санади мазкурро мувофиқа созад.

Қаблан Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Эронро кишвари дӯст хонд, ки бо Тоҷикистон муштаракоти зиёде дораду нахустин шуда, Истиқлолияти кишварро эътироф намуд. Ӯ афзуда буд, то воқеаҳои моҳи сентябри соли 2015 дар муносиботи Тоҷикистону Эрон дар ҳамаи бахшҳо ягон мушкил вуҷуд надошт.

Посол Ирана и заместитель министра здравоохранения Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон
Эҳдои дуввумин бастаи кумакҳои пизишкии Эрон барои Тоҷикистон - акс

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон афзуда буд, ки баъзе мушкили сиёсӣ дар пайи он ба вуҷуд омаданд, ки бархе  гуруҳҳои сиёсию молиявии Эрон ташкилоти ҲНИТ-ро, ки дар Тоҷикистон террористӣ эълон шудааст, дастгирӣ карданд.

Таслияти сафири Эрон дар Тоҷикистон аз даргузашти Гулназар Келдӣ

Инчунин ахиран тариқи шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон, филме бо номи “Хиёнат” нашр гардид, ба иттилои расонаҳо ишораҳо ба Эронро дорад. Дар ин филм гуфта мешавад, ки кишвари барои мо маълум ба ҷавонони тоҷик омӯзишҳои низомӣ ва террористӣ медодааст, то алайҳи ҳукумати ин кишвар иқдом кунанд.

Али Рабей, официальный представитель иранского правительства - Sputnik Тоҷикистон
Вокуниши мақомоти Эрон бар филми “Хиёнат”

Дар ин замина Алии Рабеӣ, сухангӯи давлати Эрон ба хабарнигори Sputnik Эрон дар Теҳрон гуфт, мо муҳтавои филм ва ё нияти созандагони номаълуми онро бар асоси тафсирҳои расонаӣ қазоват намекунем. Эрон ва Тоҷикистон як рӯҳ дар ду бадани ҷуғрофиёӣ ҳастанд. Ӯ афзуд, мо муттааҳид ба олитарин сатҳи эҳтиром ба ҳукумати мустақил ва роҳу равиши зиндагӣ дар кишвари Тоҷикистон ҳастем.

“Ҳамчунин иродаи мо дар муроқибат аз ин муносибатҳои таърихиву гусастнопазир дар баробари сӯитафоҳумҳо ва сӯизанҳои тавтеаомез, тағйирнопазир буда ва таҳти таъсири фазосозии расонаӣ қарор нахоҳад гирифт”, - таъкид намуда буд манбаъ.

Алии Рабеӣ бо таъкид бар муштаракоти густардаи фарҳангӣ ва торихии ду кишвар, изҳор дошт, “мо аз тамоми ҳунармандону мустанадсозон даъват мекунем, ки ҳиммати бештаре барои бознамоии умедофарӣ аз аҳамияти равобити миёни Эрону Тоҷикистон ва зарурати густариши он то сарҳади баҳрабардории ҳаддиаксарӣ аз тамоми зарфиятҳои билқувваи ду миллат ба харҷ диҳанд”.

Лентаи хабарҳо
0