Паёми Оқохони IV ба Раҳмон: дуо ва ваъдаи Имоми исмоилиён ба тоҷикистониён

© AKDNАга-хан и президент Таджикистана Рахмон посетили место будущего Шуробадского моста, где состоялась церемония закладки фундамента, архивное фото
Ага-хан и президент Таджикистана Рахмон посетили место будущего Шуробадского моста, где состоялась церемония закладки фундамента, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ, Оқохони IV, роҳбари исмоилиёни ҷаҳон, дар баробари сарони давлатҳои дигару шахсиятҳои маъруфи ҷаҳон бо ирсоли паём ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, солгарди Истиқлоли давлатиро шодбош гуфтааст

ДУШАНБЕ, 9 сен - Sputnik. Имоми исмоилиёни ҷаҳон дар паёмаш ба раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳор доштааст, ки ба муносибати ҷашни 29-умин солгарди  Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо ва тамоми мардуми Тоҷикистон гармтарин табрикоту шодбошиҳои худро иброз медорам.

Муҳаммадҷон Ҳусейнов, табибе, ки Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ манзили дуҳуҷрагӣ ваъда дод - Sputnik Тоҷикистон
Ятимӣ, зангирӣ бо қарз, кулбаи бедар ва духонагии Президент: саргузашти Муҳаммад-видео

Оқохони IV дар паёмаш ба Раҳмон таъкид намудааст, ки ӯ ва бунёдаш иқдомеро, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои шукуфоии иқтисодӣ ва рушди иҷтимоии кишвар эълон намудааст, бо азми қавӣ дастгирӣ мекунад.

“Бори дигар азми қавии Имомати Исмоилӣ ва Ташкилоти Оғохон оид ба рушдро ҷиҳати дастгирии иқдом ва ҳадафҳое, ки Ҳукумати Шумо дар бобати шукуфоии иқтисодӣ ва рушди иҷтимоӣ, ҳамчунин фароҳам овардани имкониятҳои мусоид барои тамоми мардуми кишвари бузурги Шумо эълом намудааст, тасдиқ менамоям”, - омадааст дар паёми Оқохони IV, ки котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон нашр кардааст.

Роҳбари исмоилиёни ҷаҳон афзудааст, ки барои сулҳу субот ва шукуфоии Тоҷикистон дуо мекунад.

“Барои сулҳу субот ва шукуфоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дуо мекунам ва ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, орзуҳои накӯи бародарона ва эҳтироми бепоёни худро изҳор менамоям”, - таъкид шудааст дар паём.

Лентаи хабарҳо
0