ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Дар ин бора Ҷон Коутс, ноиби президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) зимни мусоҳибааш бо “Agence France-Presse” таъкид кардааст.
Суханҳои Коутс дар пасманзари тақдири номуайяни бозиҳо дар соли оянда, ки моҳи марти имсол бо сабаби пандемияи COVID-19 ба таъхир афтод, гуфта шудааст.
“Бозиҳо бо COVID ё бе он баргузор мешаванд, - гуфтааст Коутс. – Ин бозиҳое хоҳад буд, ки бар COVID ғолиб меояд, равшанӣ дар охири нақб”.
Ҷопон, ки аз баргузоркунандаи ин бозиҳост ҳоло марзҳояшро бо 146 кишвари дунё бастааст.
Дар назар аст, ҳудуди 11000 варзишгар аз 200 давлат дар Бозиҳои олимпии Токио ширкат намоянд.
Коутс таъкид кардааст, ки назди ташкилкунандагони ҷопонӣ вазифаи бузург истодааст, аммо бо боварӣ гуфтааст, ки Токио метавонад варзишгаронро аз тамоми ҷаҳон қабул кунад.
На дертар аз тобистони соли 2021: лағви замони бозиҳои олимпии Токио
“Вазифаи имрӯзаи онҳо андешидани тамоми чораҳои мумкин барои баргузории бозиҳо мебошад”.