Боздошти як ҷавони барномасоз: ҳуҷҷати қалбакиро 500 сомонӣ мефурухт

CC0 / Pixabay / Мужчина сидит перед монитором компьютера
Мужчина сидит перед монитором компьютера - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷавон тавассути барномаҳои компютерӣ ҳуҷҷатҳои қалбакӣ месохт. Як нафари дигар барояш "мизоҷ" пайдо мекард ва ҳарду як шиносномаи техникиро ба маблағӣ 500 сомонӣ мефурӯхтанд

ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти як ҷавони барномасоз дар Суғд хабар медиҳад, ки ба қаллобӣ муттаҳам мешавад. Ҷавон дар содир кардани ҷинояти мазкур "шарик"-е низ доштааст, ки ӯ ҳам боздошт шудааст.

Руки в наручниках - Sputnik Тоҷикистон
Қаллоб боздошт шуд: худравашро ба як кас пешниҳод карда пул гирифту ба нафари дигар фурӯхт

Ҳамин тавр, бино бар иттилои манбаъ, ормандони шуъбачаи муоинаи техникии Шуъбаи Бозрасии Давлатии Автомобилии вилояти Суғд маълумоти дорои моҳияти фавриро дар хусуси сохтакорӣ кардани шиносномаи муоинаи техникии нақлиёт аз ҷониби ду нафар сокини Ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров- шаҳрвандон Маҳкамов Парвиз Аҳмадалиевич, соли таваллудаш 1996 ва Кенҷаев Дадочон Домуллоевич, соли таваллудаш 1988 ба кормандони фаврии ШКҶ Раёсати ВКД дар вилояти Суғд вогузоштанд.

Он дар натиҷаи коркардҳои фаврӣ тасдиқ ёфт ва предметҳое, ки ба воситаи онҳо ҳуҷҷат сохтакорӣ мешуд, мусодира гардид.

Гумонбарон бо истифода аз таҷҳизоти компютерӣ ҳуҷҷатҳои кафолатдиҳанда вобаста ба ҳолати техникии нақлиёт, аз ҷумла шиносномаи муоинаи техникиро сохтакорӣ карда, аз фурӯши он маблағи пулӣ ба даст меовардаанд.

Эстакадаи сесатҳа ҳам кумак накард: қонуншикании ронандагону пиёдагардон - навори БДА

Зимни бурдани чорабиниҳои фаврию тафтишотӣ муайян карда шуд, ки Парвиз Махкамови барномасоз омода сохтани ҳуҷҷатҳои қалбакиро ба уҳда дошта, шарики ҷиноятии ӯ Дадоҷон Кенҷаев ронандагони аз ҳамин гуна хизматрасонии ғайриқонунӣ истифодабарандаро роҳнамоӣ карда, мизоҷ ҷамъ мекардааст.

Онҳо ҳар як шиносномаи қалбакиро бо арзиши 500 сомонӣ мефурӯхтаанд.

Ҷаримаи беш аз 30 ронанда дар Суғд: аз мошинашон дуди зиёд хориҷ мешуд

Бо ин кирдори содирнамуда гумонбаршудаҳо меъёрҳои дар моддаи 340 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршударо вайрон кардаанд. Барои содир намудани чунин амали ҷиноятӣ ба онҳо ҷавобгарии ҷиноятӣ таҳдид мекунад.

 

 

Лентаи хабарҳо
0